FIFA: Тоҷикистон мавқеашро тағйир надодааст
Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар раддабандии нави Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) дар ҷойи 164-ум қарор дорад.
Бар асоси рейтинги FIFA, ки 5 май нашр шуд, мунтахаби Тоҷикистон бо 150 имтиёз дар зинае нишастааст, ки моҳи гузашта баъди уфти бесобиқааш қарор гирифт. Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Узбакистон пештоз аст. Ин кишвар дар зинаи 66-ум қарор дорад. Қирғизистон дар зинаи 100, Қазоқистон дар ҷойи 117 ва Туркманистон дар зинаи 114–ум аст.
Дар садри раддабандӣ тими миллии Аргентина қарор дорад. Дар ҷойи дуюм Белгия ва мақоми сеюмро Чили соҳиб шудааст. Колумбия, Олмон, Испания, Бразилия, Португалия, Уругвай ва Англия шомили даҳгонаи беҳтарин тимҳои миллии ҷаҳон гардидаанд.
Раддабандии ФИФА аз соли 1993 инҷониб ҳар моҳ таҳия мегардад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаб дода мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |