28 ҳазору 649 сомонию 10 дирам. Арзиши хизматрасониҳо дар мавсими Ҳаҷ-2016

Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон нархи хизматрасониҳоро барои мавсими Ҳаҷ-2016 муайян кардааст.
Афшини Муқим, як масъули ин ниҳод имрӯз, 6 май ба “Озодагон” гуфт, арзиши хизматрасниҳо дар мавсими Ҳаҷ-2016 дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории кишвар 28 ҳазору 649 сомонию 10 дирамро ташкил медиҳад.
Ба иттилои ӯ, ин маблағ барои пардохти “ҳаққи чиптаи ҳавопаймо аз ду тараф, иқоматгоҳҳои муваққатии зист дар шаҳрҳои Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара, се вақт хӯроки гарм, пардохти боҷи шоҳӣ (авоид), пардохти қурбонӣ, хизматрасонии иловагӣ дар Мино, Арафот ва Муздалифа, пардохти кумаки аввалияи тиббӣ, эмгузаронӣ, хизматрасонии роҳбаладон, гуруҳи корӣ ва ҳайати табибон, суғуртаи зоирин, таҳия ва харидории ҷомадон, сумкаи дастӣ бо рамзҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳоҷиён, роҳбаладон, гуруҳи корӣ ва табибон, инчунин барои ба роҳ мондани дарсҳои омӯзишӣ барои ҳоҷиён қабл аз мавсими ҳаҷ” дар назар дошта шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳарчанд аз сабаби бо асъори хориҷӣ (доллари амрикоӣ) ба роҳ монда шудани ҳамаи қарордодҳо бо ширкатҳои хизматрасони Арабистони Саудӣ ва нисбатан боло рафтани қурби доллари амрикоӣ дар бозори асъори Тоҷикистон нархи хизматрасониҳо бо пули миллӣ дар соли ҷорӣ нисбатан боло рафта бошад ҳам, дар маҷмӯъ, арзиши имсолаи хизматрасониҳои мавсими ҳаҷ нисбат ба соли гузашта бо ҳисоби асъори хориҷӣ бетағйир боқӣ монда, мисли соли гузашта 3 ҳазору 584 долларро ташкил медиҳад.
Соли гузашта нархи хизматрасониҳои зоирини тоҷик 22 ҳазору 906 сомониву 98 дирамро ташкил медод.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |