Дар бинои сирки давлатии Тоҷикистон рӯзҳои 11 то 16 –уми ноябри соли равон ҳунармандони сирки ҷумҳурии мардумии Чин ҳунари худро пешкаши тамошобинони менамоянд.
Тавре ба «Озодагон» аз вазорати фарҳанг хабар доданд, сафари гурӯҳи ҳунармандон бо дастгирии вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва сафорати Чин дар Тоҷикистон ташкил карда шудааст. Тибқи иттилоъи манбаъ, ин гурӯҳи аз 28 нафара аз ҳунармандони сирки ҷумҳурии мардумии Чин беҳтарин дорбозон, шӯъбадабозон ва акробатҳо иборат мебошад.
Мӯҳр