Эълони ҳафтаи “Поси хотир” дар Душанбе
Шаҳрдории Душанбе аз эълони ҳафтаи “Поси хотир” бахшида ба Рӯзи ғалаба дар ҶБВ хабар дод.
Аз дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе ба “Озодагон” гуфтанд, ин иқдом бо дастури Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори пойтахт бо мақсади “баланд бардоштани худшиносӣ, тақвият бахшидани эҳтирому садоқат ба диёр, арҷгузорӣ ба корнамоиҳои афсарону сарбозон ва поси хотири ҷовидонаи онҳо, усулҳои мусоидаткунандаи ифтихор ва талош барои хидмат ба Ватан, ташаккули ҷаҳонбинию зиракии сиёсӣ ва тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон” роҳандозӣ мешавад. Бино ба иттилои манбаъ, маросими баргузории поси хотири ҷанговарони интернатсионалист дар назди муҷассамаи қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ -- Александр Мироненко 7 май доир мегардад.
Оқои Убайдуллоев ба масъулини раёсатҳои маориф, ҷавонон, варзиш, Шӯрои собиқадорон дастур додааст, ки дар чорчуби ин ҳафта аз ҳолу аҳволи собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр хабар бигиранд
[center][/center]
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |