Сӯхтор трансформатори асосии ТАЛКО-ро корношоям кард
Манобеи “Озодагон” мегӯянд, шоми 2 май дар трансформатори асосии корхонаи алюминиюми тоҷик-“ТАЛКО” сӯхтор ба амал омад, ки хисороти моддӣ дар пай дошт.
Ба иттилои манбаъ 2 май соати 16:25 дақиқа дар гузаргоҳи рақами 2-и ТАЛКО трансформатори 67000 киловолтаи ТАЛКО оташ гирифт, ки барои хомӯш кардани он 16 мошини оташнишонӣ сафарбар шуданд: “Соати 17:20 дақиқа сӯхтор пурра хомӯш карда шуд”.
Игор Сатторов, сухангӯи ширкати ТАЛКО дар суҳбат бо “Озодагон” сӯхтор дар корхонаро тасдиқ карда, афзуд, ки зимни он касе осеб надид: “Истеҳсолот низ қатъ нашудааст. Сӯхтор дар пайи гармӣ бо сабабҳои техникӣ рух додааст. Мо манобеи иловагии нерӯ дорем, ки феълан корхона ба он пайваст шудааст. Таъмиру барқарорсозии трансформатор идома дорад”.
Ин қазия дар ҳолест, ки ТАЛКО дар пайи арзоншавии нархи алюминий дар бозори ҷаҳонӣ ба мушкили молӣ дучор шудааст ва ахиран дар доираи барномаи зиддибуҳронӣ аз ихтисори ҳудуди 600 коргараш хабар дод.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |