Бахшҳо

Додситонӣ: Зани тоҷик хостааст, бо шиносномаи қалбакӣ маблағи модарӣ гирад

Додситонии вилояти Тюмен Сакина Фундукова, шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистонро дар сӯиқасди қаллобӣ барои гирифтани пардохтҳои иҷтимоӣ айбдор мекунад.

Тибқи иттилоияе, ки додситонии Тюмен имрӯз, 4 май нашр кардааст, Фундукова моҳи майи соли гузашта бо пешниҳоди шиносномаи тақаллубӣ аз мақомоти Тюмен барои чор фарзанди ноболиғаш маблағи модарӣ дар ҳаҷми 160 ҳазор рубл (40 ҳазор рубл барои як фарзанд) талаб кардааст: “Маблағи модарӣ аз буҷаи минтақавӣ танҳо ба сокинони вилояти Тюмен пардохт мешавад. Зимни санҷиш муайян шудааст, ки шиносномаи пешниҳодкардаи Фундукова соли 2014 аз ҷониби раёсати Хадамоти муҳоҷирати вилояти Воронеж ба як мард дода шудааст ва соҳиби аслӣ шиносномаро гум кардааст. Инчунин муайян шудааст, ки Фундукова дар манзиле, ки он ҷо сабти ном шудааст, иқомат намекунад. Бинобар ин моҳи августи соли 2014 дархости Фундукова барои пардохти маблағи модарӣ рад шудааст”-омадааст дар иттилоия.

Ба иттилои додситонӣ Сакина Фундукова 16 сентябри соли 2015 ҳангоми санҷиши аснод дар ноҳияи Тюмен аз ҷониби нозирони роҳ барои пешниҳоди шиносномаи тақаллубӣ боздошт шудааст: “Ташхис муайян кардааст, ки аз шиноснома акси соҳиби аслӣ канда шуда, акси нав часпонда шудааст”.
Додситонии Тюмен мегӯяд феълан парванда алайҳи Фундукова барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст".
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)