Таҳдиди 40 ҳазор сомонӣ ҷарима ё 6 моҳи ҳабс ба ҷангалбони Ҳисор
Мақомоти додситонии Ҳисор ҷангалбони ин ноҳияро дар буридани ду дарахти дар ҳоли сабзиш гунаҳкор мекунанд.
Тибқи иттилои мақомоти додситонӣ ҷангалбон Бобокалонов А.К. моҳи ноябри соли 2015 худсарона ду дарахти навъи Акатсияро дар ҷангалзори минтақаи Алмосӣ буридааст: “Қутри кундаи якеаш 40 см ва дигараш 43 см-ро ташкил медод ва ҷангалбон бо ин кораш ба хоҷагии ҷангал 1560 сомонӣ зарар расонидааст”.
Манбаъ мегӯяд, алайҳи Бобокалонов бо моддаи 234 қисми 2 банди «б»-и Кодекси ҷиноӣ-ғайриқонунӣ буридан дарахт бо сӯиистифода аз мақоми хидматӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Кодеси ҷиноӣ барои буридан бо истифода аз мақоми хизматӣ “ҷарима ба андозаи аз ҳафтсад то ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ё бидуни он, ё ҳабс ба мўҳлати аз ду то шаш моҳ бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё бидуни он” ҷазо муайян кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |