Ҳушдор: Аз таҳияи парванда алайҳи Воҳидова то талаби раҳоии 4 адвокати дигар
Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ-Human Rights Watch ва Кумитаи Ҳелсинки Норвегия бо пахши як изҳороти муштарак аз мақомоти Тоҷикистон талаб кардаанд, ки ҳар чи зудтар ва бидуни ягон шартгузорӣ 4 вакили боздоштшуда ва ду фарзанди ҳуқуқшинос Исҳоқ Табаровро озод кунанд.
Ин созмонҳо имрӯз, 4 май бо пахши як изҳорот парвандаҳо алайҳи Шуҳрат Қудратов, Бузургмеҳр Ёров, Нуриддин Маҳкамов, Дилбар Додоҷонова, Фирӯз ва Далер, фарзандони Исҳоқ Табаровро сохта ва дорои ангезаи сиёсӣ арзёбӣ кардаанд. Ҳомиёни ҳуқуқи башар аз ҳукумати Тоҷикистон талаб кардаанд, таъқиби вакилони дифои мустақилро, ки аз соли 2014 инҷониб авҷ гирифтааст, хотима бахшад: “Аз соли 2014 мақомоти Тоҷикистон вакилони дифоъро барои иштирокашон дар парвандаҳои ҳассоси сиёсӣ ва ҳимояи мухолифини ҳукумат ҳабс кардаанд. Гуруҳи дигари вакилон таҳдиди қатл ва ифтитоҳи парванда бо иттиҳомоти сохта гирифтаанд”-омадааст дар изҳорот.
Стив Свердлов, масъули Human Rights Watch таъкид кардааст, ки ҳукумати Тоҷикистон вакилони дифои барояш номақбулро ҳамроҳи мухолифини сиёсияш равонаи зиндон мекунад: “Ҳар рӯзе, ки ин ҳуқуқшиносон дар пушти панҷара мегузаронанд, доғу шармандагӣ барои низоми додгоҳии Тоҷикистон аст”.
Созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи башар таъкид кардаанд, ки алайҳи ягон вакили боздоштшудаи тоҷик далели қотеъ пешниҳод нашудааст: “Ҳукумати Тоҷикистон меъёри Созмони Миллали Муттаҳид, ки вакилони дифоъ барои иҷрои вазифаҳои касбияшон набояд мавриди таъқибу таҳрим қарор гиранд, нақз кардааст”.
Human Rights Watch ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия таъкид намудаанд, ки гуруҳи дигари адвокатҳо, аз ҷумла Файзиниссо Воҳидова мавриди таъқибу таҳдид қарор гирифтааст. Тибқи изҳороти ин созмонҳо Воҳидова, ки бо иштирокаш дар парвандаҳои ҳассос маъруф аст, моҳи июли соли гузашта паёмак гирифтааст, ки агар фаъолияташро қатъ накунад, метавонад ҳамроҳи оилааш қатл ё маҷруҳ шавад: “Фишор, назорат ва таъқиби Воҳидова баъди моҳи сентябри соли 2015-бастани ҲНИТ шидат гирифтаст. Сарфи назар аз муроҷиатҳои зиёди Воҳидова ба додситонии кулли Тоҷикистон таҳдидҳо идома меёфтанд”.
Созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи башар афзудаанд, аввали соли 2016 Воҳидова иттилои муътамад гирифтааст, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ алайҳаш парвандаи ҷиноӣ боз карда, мақолаҳои нашркардаашро ҳамчун далели ифротгароӣ алайҳи ӯ истифода бурданиянд.
Дар изҳорот инчунин аз тағйири қонунгузорӣ, зери назорати ҳукумат гирифтани адвокатҳои мустақил, бастани Ҳизби наҳзати исломӣ, ҳабси даҳҳо узви ин ҳизб ва қатли Умаралӣ Қувватов зикр шудааст.
Human Rights Watch ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия аз ИМА ва Иттиҳоди Аврупо даъват кардаанд, ки ба ҳукумати Тоҷикистон фишор биорад, то вакилони боздоштшударо раҳо ва барои фаъолияти касбии адвокатҳо шароити мусоид фароҳам орад. Аз кишварҳои ҷаҳон даъват шудааст, ки 6 май дар Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон зимни баррасии вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон нисбати шароити бади адвокатҳо ва мухолифини тоҷик изҳори нигаронӣ кунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |