Бахшҳо

Ҳаҷвияи сиёсӣ бар клипи Садриддину Ғизол (ВИДЕО)

“Шабакаи ханда”-и телевизиони “Тулӯъ” навори як ҳаҷвия бар оҳанг ва клипи муштараки Садриддини Наҷмиддин, овозхони шинохтаи тоҷик ва Ғизол Иноят, сарояндаи афғонитаборро ба намоиш гузошт.

Ин суруд бар қолаби таронаи “Ҷони ман”, ки ба Садриддину Ғизол шуҳрати дучанд овард, таҳия шуда ва онро як навъ ҳаҷвияи сиёсӣ меноманд. Ҳаҷвнигорони афғон бо ин тарона аз ҳамсояи худ маззамат мекунанд, ки ҳар лаҳза бар хонаашон “рокетпаронӣ” мекунад:
“Ҷони ман қурбони он ҳамсояи ноздонаам,
Дам ба дам рокетпаронӣ мекунад дар хонаам”.




Шореҳони мусиқӣ бар инанд, ки ҳарчанд дар суруд ба Покистон ишора шудааст, аммо дар худи навор, ки ба клипи асл шабоҳатҳое дорад, Ғизол Иноят ба танз кашида шудааст. “Дар Афғонистон бо марди дигар суруд хондани занҳои афғонро чандон қабул надоранд. Аз образи зан, ки дар ин клип нишон дода шудааст, ин чиз мушоҳида мешавад. Дар гузашта духтарони зиёди тоҷик бо писарҳои афғонӣ суруд хондаву клипҳои дугона доштанд, аммо ҳеч кадомаш мавриди чунин ҳаҷвия қарор нагирифт”,-мегӯяд як коршиноси масоили фарҳангӣ.

Садриддину Ғизол таронаи “Ҷони ман”-и равоншод Кароматуллоҳи Қурбонро соли 2015 иҷро карданд. Клипи он танҳо дар се моҳ марзи як миллион бинандаро убур кард, ки барои Тоҷикистон “рекорд” маҳсуб мешавад. Ин тарона ба фаъолияти муштараки Садриддину Ғизол бунёд гузошт. Онҳо баъдан чанд суруди дигари дугона иҷро карда, силсилаконсертҳоеро роҳандозӣ намуданд. 20,21 ва 22 марти соли равон консерти муштараки онҳо дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев доир гардид. Моҳи июн дар чанд шаҳри Канада ва пасон дар Австралия, Амрико ва Бритониё ҳам ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.


Мӯҳр
андози сарояндахоро зиёд кунед ва коррупсия хам назорат кунад, ин кадар мошину хонахо ва сайру гашти хорича аз кучо сарчашма мегирад. хатамн номаъкулие доранд

ин духтар чи худша дар дару китобу девор мешакад, магар фарханги нав нишон додестай ба духтарони мо, клипхо бояд аз вазорати фарханг ва амният (маконхои хосро сабт мекунанд) ичозат гиранд, танзим кор кун

мехмон
Суруд нагзу лекин маънои калимаи ,, равоншод " чист ? Магар ,, шодравон" нодуруст шакли дуруст нест? Ё точикони нав ин тавр менависанд???

Дуэти Садриддину Гизол бехтарин. Оиди клипи хачвию сиесии гаразнок аз забони Бозор Собир - ТФУ

Беном
Садридддин беҳтарин сарояндаи мо тоҷикон аст ин афғони суруди ҳаҷви кардааст ин ҳаҷви балки масхара кардани тоҷик аст.

Ин Афгонхо ба фарханги мо тахкир кардаанд. Чаро мардхои афгон бо духтарони точик клип мекунанд мо ягон чи намекунем тахкир намекунем ва агар рафту мо ин клипро сабт намоем онхо тахкир мекунанд. Магар мардхои афгон номус доранд мо не ба ин хо чавоб гардондан лозим.

душанбе
бори дигар афгон барбарияти худро нишон додааст.

Аҳсан ба Садриддин, ки тасдиқ кард мардуми авғонро - чӣ тавр тоҷикон метавонанд)) Оиди масхара карданашон - онҳо худашон масхараанд. Ҳайфи ҳамон духтарони тоҷик, ки бо авғонҳо клип карданд...

Фируз
Ба чунин "фарҳанг" тфу...

Бобо
Бовар кунед, Садриддини Наҷмиддина назар ба мо тоҷико мардуми афғон бисёр эҳтирому дусташ медоранд. Ман дар Амрико бо якчанд афғон суҳбат кардем Садриддинро бисёр таърифу тасниф карданд ва ҳатто сурудҳоша аз ёд ҳам кардаанд. Шояд дар ин навор ҳам мехоҳанд ба Садриддин тақлид кунанд ва тариқи ин сурудҳошон ба Садриддин дусти пайдо кунанд. Ман фикр намекунам, ки ин кор аз рӯи ғараз ё бадбинӣ бошад.

Чортут
Хамин Садриддин ай шумо афгоно, оштон шава, насибтон куна, гиред хавая артисти худатонай, мода даркор нест дар Точикистон! Аму Гизол кати чуфти хосан, зеби замини афгон доран ино

Zol
tojikho to ba oxir ba in tarona gush bidihed, in taronaro in du afgonpisar va itminon doram ki hardui onon tojikand, in taronai Karomatulloi Qurbonro ba taronai hajvi tabdil dodaandu va maskhara az hamsoyai pokistoniashon mekunand. Man yagon chize bade dar in namebinam. In qadar gavgovu badbinii shumoyon sari in tarona chist. Ba yod dored ki dar on sui Omu niz tojikhoi xudaton zindagii mudhishtarinro dar sar dorandu oruzuvu umed mekunand ki misli tojikho dar Tojikiston zindagii oromu osoishta doshta boshand.Magar baroi haminham baxili mekuned. Tojik boyad dasti tojikro dar saxti bigirad.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)