Дар Тоҷикистон фаъолияти боз як ташкилоти қарзӣ қатъ карда шуд
Бонки миллии Тоҷикистон аз қатъи фаъолияти ҶДММ “Ҳақиқи Ҷаҳон” хабар дод.
Бино ба иттилои ин ниҳод, дар бораи қатъи фаъолияти ин ташкилоти молӣ худи раҳбарияти он дархост фиристодааст. Манбаъ мегӯяд, иҷозатномаи ташкилоти қарзии номбурда, ки аз ҷониби Бонки миллӣ 14 ноябри соли 2012, таҳти №304 дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шуд: “Дар асоси қарори қабулгардида, аз тарафи мақомоти ваколатдори ҶДММ ТАҚХ “Ҳақиқи Ҷаҳон” Комиссияи барҳамдиҳӣ таъсис дода шуда, масъулияти анҷом додани расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо қарздеҳони ташкилоти қарзии мазкур ба дӯши он гузошта шудааст”.
Ба иттилои манбаъ, ҷанбаҳои дигари фаъолияти ташкилоти қарзии “Ҳақиқи Ҷаҳон” дар асоси қарори қабулгардидаи Бонки миллии Тоҷикистон омӯхта ва баррасӣ хоҳад шуд.
Қаблан низ Бонки миллии Тоҷикистон аз қатъи фаъолияти даҳҳо ташкилоти молии қарзӣ бо далелҳои гуногун хабар дода буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |