Намояндаи олии ИА: Озодии баён ҳукуматро маҷбур ба ҷавобгарӣ мекунад
Федерика Могеринӣ, намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо бо пахши як изҳорот ба муносибати 3 май, Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот гуфтааст матбуоти мустақил, гуногунандеш ва озод барои таъмини демократия ва рушди иқтисодӣ хело муҳим аст ва ҳар як кишвар бояд онро таъсис, нигоҳдорӣ ва ривоҷ бидиҳад.
Тавре намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон аз қавли Могеринӣ хабар дод, ҷустуҷӯ, дарёфт ва пешниҳоди маълумот қисми ҳуқуқи озодии ақида ва озодии баён мебошад. Дар изҳороти Могеринӣ омадааст: “Он ҷузъи муҳими ҳокимияти демократӣ ва рушди демократия аст. Одамон бояд тавонанд ахбори пурра гирифта, ба як ақидае оянд то дар равандҳои қабули қарорҳое, ки ба ҳаёти онҳо таъсир мерасонанд, иштирок кунанд”.
Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо озодии иттилоотиро яке аз абзорҳои идоракунӣ унвон карда, гуфтааст, ки он барои “беҳтар намудан ва ба инкишофи шаффофияти корҳои давлатӣ мусоидат мекунад”.
Бар асоси ин изҳорот озодии баён ҳукуматҳоро маҷбур мекунад барои амалҳои худ ҷавобгар бошанд, “хусусан агар дар натиҷаи дастрасӣ ба иттилоот вайронкуниҳои ҳуқуқи башар ва ё қазияҳои коррупсионӣ фош шаванд”.
“Дастрасӣ ба иттилоот метавонад адолатро ҷорӣ ва ҷубронро таъмин намояд, хусусан баъд аз фош гардидани вайронкуниҳои ҷиддии ҳуқуқи инсон”-омадааст дар изҳороти намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |