Ду нусхаи “Наҷот” дар хонаи Маҳкамов-далели ифротгароии Ёров

Саймиддин Дӯстов, раиси СҶ “ИНДЕМ” -- муассиси ҳафтаномаи “Нигоҳ” ва оҷонсии “TojNews” имрӯз, 3 май дар конфронси байналмилалии “Озодии баён: мушкилот ва дурнамо” пешниҳод намуд, ки созмонҳои журналистӣ аз ҳукумати Тоҷикистон дархост кунанд, то парвандаҳои вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёров ва рӯзноманигор Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода бозбинӣ шаванд.
Дӯстов зикр кард, ки “Сайфуллоҳзода рӯзноманигори касбӣ ҳаст, муҳаррири ҳафтаномаи “Наҷот” буд. Ӯ дар нашрияе кор мекард, ки расман ба қайд гирифта шуда буд ва то замони экстремистӣ эълон кардани ҲНИТ ҳич мушкиле бо қонун надошт. Аз ин рӯ, ҷомеаи журналистии Тоҷикистон муваззаф аст, ки ба Сайфуллозода ҳамчун ба журналист бархурд кунад ва аз ҳукуқҳояш дифоъ намояд. Дар Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ду гуруҳи одамон кор мекарданд: як гуруҳ ба хотири эътиқод ва гуруҳи дигар кормандони кироя. Ба назари ман, Сайфуллоҳзода аз ҷумлаи гуруҳи дуюм асту барои иҷрои вазифаи касбии журналистӣ набояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад”.
Дар баробари ин муассиси “Нигоҳ” пешниҳод намуд, ки созмонҳои журналистӣ барои бозбинии парвандаи Бузургмеҳр Ёров ташаббус нишон диҳанд. Ӯ Ёровро аз ҷумлаи ҳомиёни озодии матбуоти мустақил арзёбӣ карда, афзуд, ки айни ҳол яке аз иттиҳомҳо алайҳи ин ҳуқуқшинос-ифротгароӣ мебошад.
Дӯстов илова намуд, ки тадқиқоти журналистии “Нигоҳ”, ки се моҳ идома доштааст, маълум сохтааст, ки ҳамчун далели ифротгароӣ алайҳи Ёров ду нусхаи ҳафтаномаи “Наҷот” ва 7 мақола пешниҳод гардидаанд, ки аз хонаи дӯсташ Нуриддин Маҳкамов дарёфт шудаанд. Ҳафт мақолаи дарёфтшуда аз интернет нусхабардорӣ шуда, ба истиснои ду адад, ки якеаш мусоҳибаи Маҳкамов бо радиои “Озодӣ” асту дигаре номаи бози ӯ ба Президенти Тоҷикистон, ба қалами Ёров ва Маҳкамов тааллуқ надоранд. Ин мақолаҳо солҳои 2011-2012 дар интернет нашр шудаанд. Аммо ташхиси забоншиносӣ ва диншиносии як гуруҳи муаллимони Донишгоҳи миллӣ, Донишгоҳи омӯзгорӣ ва Донишкадаи исломӣ дар ин мақолаҳо даъват ба сарнагун кардани сохти конститутсиониро муайян кардааст. Ин матолибро расонаҳои русӣ чоп кардаанд, на Ёрову Маҳкамов”.
Пешниҳод барои бозбинии парвандаи Бузургмеҳр Ёров дар ҳолест, ки имрӯз, 3 май мурофиаи ӯ дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ оғоз ёфт. Масъулин барои намояндагони САҲА ва хабарнигорон, ки назди бинои додгоҳ ҷамъ омадаанд, иҷозаи иштирок надодаанд. Дар оғози мурофиа Ёров ва Маҳкамов хостори иваз кардани додраси раисикунанда-Асомиддин Бобохонзода шудаанд. Додрас дар пайи радди дархости Ёров ва Маҳкамов мурофиаи навбатиро рӯзи 10-уми май таъин кардааст.
Бузургмеҳр Ёров рӯзи 28 сентябри соли 2015 баъди эълони азмаш дар бораи таъсиси Кумитаи дифоъ аз аъзои дастгиршудаи Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон аз сӯи мақомоти интизомии кишвар боздошт шуд. Баъдан, Вазорати умури дохилӣ эълон кард, ӯ дар “қаллобӣ” ва “сохтакорӣ” муттаҳам мешавад. Феълан Ёров дар қаллобӣ, сохтакорӣ, ифротгароӣ, “ташкили иттиҳоди экстремистӣ” ва “барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ” муттаҳам мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |