Лоиқ Зуҳуров, бародари Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар синни 42-солагӣ аз олам даргузашт.
Тавре наздикони хонаводаи Зуҳуровҳо ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Лоиқ Зуҳуров бемор ва вақтҳои охир дар беморхонаи гастроэнтерологии Тоҷикистон бистарӣ буд.
Манбаъ афзуд, ки маросими видоъ бо марҳум имрӯз, 3 май дар зодгоҳаш - ноҳияи Панҷ баргузор шуд. Ҳайати кормандони “Озодагон” ба хонаводаи Зуҳуровҳо изҳори ҳамдардӣ карда, барояшон сабри ҷамилро хоҳонанд.
Мӯҳр