Бахшҳо

ВКД-и Тоҷикистон: Аҳмадов мегӯяд, бегуноҳ аст ва худаш ба Русия баргашт (ВИДЕО)

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҷузъиёти боздошти Маҳмадалӣ Аҳмадов, ҷавони 23-солаи тоҷикро, ки дар қатли сардори пулиси шаҳри Сизран ва 5 узви хонаводааш яке аз муттаҳамони асосӣ дониста мешавад, шарҳ дод.

Тибқи иттилои ин ниҳод, ҳафтаи равон Маҳмадалӣ Аҳмадов худаш ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳозир шуда, иброз доштааст, ки воситаҳои ахбори Русия ӯро дар куштори оилаи Андрей Гошт, корманди мақомоти корҳои дохилии Федератсияи Россия дар вилояти Самара гумонбар донистаанд: “Ӯ таъкид намуд, ки ӯ дар ин ҷинояти вазнин даст надорад ва барои гуфтаҳои худро собит намудан ба Русия бармегардад”.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон афзуд, “бинобар сабаби дар ҷустуҷӯ қарор надоштан ва аз мақомоти Русия ворид нагардидани дархост оиди дастгир кардани Маҳмадалӣ Аҳмадов, ӯ тавассути нақлиёти ҳавоӣ ба Федератсияи Русия баргашт”.

Ин дар ҳолест, ки расонаҳои Русия 4 апрел аз қавли Сергей Солодовников, сардори пулиси вилояти Самара хабар доданд, ки Маҳмадалӣ Аҳмадов талош кардааст, ба Афғонистон фирор кунад, аммо боздошт гардидааст: “Аллакай соати 10:00-и имрӯз, 4 май муттаҳам ба фурудгоҳи Домодедоваи Маскав оварда шуд ва дар назар аст, ки то соати 15:00 ба Самара расад”.

Қаблан, мақомоти Русия шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон -- Аҳмадов Маҳмадалӣ Баротовичро дар ташкили қатли Андрей Гошт, сардори пулиси шаҳри Сизран ва 5 узви хонаводааш муттаҳам карда, изҳор доштанд, ки ӯ ба Тоҷикистон фирор кардааст.

Видеои бозтоби бозгашти Аҳмадов ба Маскав дар расонаҳои Русия:



Куштори Гошт ва 5 узви хонаводаи ӯ, аз ҷумла 4 зан шаби 24-уми апрел дар деҳаи Ивашевкаи ноҳияи Сизран рух дод. Ахиран шабакаи телевизионии Россия-1 бо такя ба манобеаш дар мақомоти қудратии Самара хабар дод, дар қатли полковник Гошт ва хонаводааш бевосита муҳоҷири тоҷик даст надорад. Ба иттилои манбаъ, дар ин куштор зодаҳои Озарбойҷон -- Роман Фаталиев, Ислом Бобоев ва Орхан Захрабов муттаҳам мешаванд. Владимир Маркин, намояндаи Кумитаи тафтишотии Русия гуфтааст, бар иловаи ин се нафар дар куштори ваҳшиёнаи полковник бародарон Нуштаевҳо, ки ду сол қабл шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд, гумонбаранд.

Мӯҳр
Мухочир
Ин чавон шахрванли Россия мебошад.То сифи 8-умиашро ба зур дар Сызрань хондааст.Як нафар писар дар оилаи падараш Барот Ахмадов ва Раьно Азмадова мебошад.Оилаи онхо дар дехаи Малячкинои нозияи Шигон зиндаги мекард.Иг бача бехад якраву беандешаву беакл буд.Насихати падару модари худро гуш намекард.Хамаги 3-_нафар фарзанд хастанд,дар оила у ва ду духтари калон.Оилаи Ахмадов Барот,аз совхози 4-и нохияи Евон мебошанд.Аммо ин русиехи котил метавонад,дар шахри Душанбе,нохияи Рудаки,нохияи Евон е дар чамоати Хоити нохияи Рашт рафта пинхон шавад..Се нафар чавони озари хам,ки хамсолони у хастанд,истикоматкунандагони доимии ин шахр буданд..Акнун точикон,ки хеч гох ба чиноятхои вазнин даст намезаданд,зери фишору таьнаву хакорати русхо мемонанд..

Ин дуруг аст. Кадом точик гурухи русро идора кардааст. Ин маълум аст, ки як чинояти ташкилшуда буда ягон шахси воломаком дар инчо масъул аст. Катли Немцовро низ ба догистонихо бор карданд. Точикистон низ ба Руссия хеч касро надихад, то руссхо фахманд, ки онхо низ калобону одамкушони Точикистонро намедоранд. Фахманд, ки чунин кор хуб нест. То кай Точикистон бе чуну чаро масъулияти аз тарафи Россия мондаро ичро кунад аммо Россия масъулияти худро хис накунад. Карсак аз ду даст садо медихад.

точики
Дуруги махз хаст инчо чи накшае ЧяНоБи Паотин доранд чиноят аз Озарихо боки намемонад ки ба Мо расад Якин чанбаи сиёси дорад

Ин чи гап аст ки точикора дар точикистон сар мебуран русо ва боз бо сари баланд ба русия мераванд аммо вакте точик чиноят кард ва гурехта ба ватанаш омад милисахои точик аз таги заминхам кофта ба хочагонашон такдим мекунанд ки мана гиред точика баред харкоре ки мекунед кардан гиред. Аммо вакте рус чиноят мекунад хама хомуш касе намекобад ва касе намегуяд равонаш кунен точикистон мо худамон мухокимааш кунем. Мо мустамликаи сад дар садии русия шудаем. Даст дар сина мондану истиклолият гуфтан инхо бозихои дуруганд. Аз макоми аввали мо то пастаринаш хама мутеи путину русия аст

Аз хамин путину давлаташ безор шудем ба визаш мора тарсондани виза мекуни гир кун охир хазорхо фарзандони точикра мекушанд хама хукуматдорои мо хомуш як мента куштиян инам дар гардани точик заданд хамаш бозихои сиеси як кудаки бегуноха куштанд очаша гирифта депорт кардан мо бошем россия гуфта гаштем зиндагии украину грузин хеле хуб шуд баьде ки аз россия халос шуданд мохам ягон рохи халосимоя ебем

Шумо фолбинед е журналист? То аз сархад боздошт шуд, то бо хости худаш омад...

мухочир россиа
Чаро як точикро то хол гунохашро ошкор накардаанд, мо хама Санг мезанем,вале афсарони пойгохи 201 дивизияи росия точиконро тачовуз мекунанду мекушанд руи рост макомоти рус бошад тавре мепиндоран ки ягон гапе нашудааст то ба Кай худкушиву бегонапарасти.

Точик
Барои чи русхо дар Точикистон одам мекушанд лекин ба руссия фиристода мувофики конунхои худашон чазо мегиранд вале точикро макомоти Точикистон дошта ба ба ин кассобон месупорад кай шумо шахрвандони худро химоя мекунед чаноби мансабдорон миллатро ба хори расонидед боз он ки он худро бегунох хисоб мекунад. Агар ин корро ягон рус дар Точикистон мекард девонааш бароварда озодона мегашт.

Як бародар мегӯяд Украина кати Грузия ҳолашон хуб шуд!? Ҳоли бадде ин ду кишвар дорад Худо нишон надиҳад! 23-25 сол шид бо хости Аллоҳ ай ҳисоби Россия зиндагиро пеш бурда истодаем, ношукрӣ накунед, ки Худо кӯру пес мекунад!Сиёсатбозон худ бо худ бозӣ мекунанд, шумо аҳамият надиҳед,,, Ҳазорон корвон рафтанду ҳанӯз ҳам ин сагон доранду ав ав...

душанбе
Ба Хуршед магар давлати Литва Латвия туркияву дигар кишвархо бе русия зиндаги мекунанд магар ин давлатхо аз худи русия хубтар зиндаги намекунанд,украинаву гурчистон аз аждахо озод шуд,вагарна мисли киргизистону точикистон лабайгуяки русхо мемондан.

Вафо
Офарин хуршед гапи хакро зади,ин шахсоне ,ки росияро танкид мекунанд бокимондахои шахсони кабири мебошанд.

точик
наход точика бадасти хутон бари супори кучо хиси милитон

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)