Кишварҳои осонидора, вале беоянда: Оқибат таназзул...
Иршод Сулаймонӣ
Кишварҳои идеологӣ– кишварҳое, ки дар онҳо бо тамоми имкон талош мешавад, то ҳукумат аз роҳҳои маъмурӣ, қудратӣ ва идеологӣ контрол ва назорати шаҳрвандонро дар ихтиёр дошта бошад. Барои ҳукумат ва роҳбарони вақт идора ва мудирияташон осон мешавад, вале ин гуна кишварҳо ояндаи хубу дурусте надоранд. Намунаи ин гуна давлатҳоро таърихи башар борҳо таҷриба кардааст ва имрӯз ҳам таҷриба мекунад. Вале ҳанӯз аст, ки роҳбарони худкома ва диктотур аз ин таҷрибаи таърих сабақ бардоранд ва аз беоянда кардани кишварҳои худ даст бикашанд. ИҶШС намунаи барҷастаи ҳамин гуна як кишвар буд, ки бо ҳам шаҳомату бузургӣ дар пеши чашми мо аз ҳам фурӯ рехт ва низоми 70-солаи идеологӣ ва тамоми дастоварди илмиву фарҳангӣ ва инсонии ин кишвар натавонист монеи аз ҳам пошидани он бигардад.
Яке аз хусусиятҳои дигари ҷомеаҳои осонидора он аст, ки дар ин гуна ҷомеаҳо бо он ки қонунгузорӣ вуҷуд дорад ва қонун кафолат ва замонати фаъолият ва озодиҳои сиёсиро медиҳад, вале озодиҳои сиёсӣ берун аз ҳуқуқ, аз тариқи давлатмардон, мансабдорон ва ё мақомоти гуногун дода мешаванд. Аз нигоҳи назарияи ҳуқуқ ин гуна хусусият аз вижагиҳои ҷомеаи тотолитарист. Дар ҷомеаҳои осонидора бо вуҷуди кафолат ва замонати қонунии озодиҳо ва фаъолияти сиёсӣ, ҳамеша талош бар ин буда, ки озодиҳои сиёсӣ дар контроли ҳукумат қарор дошта бошад. Озодии сухан ҳам ҷузъе аз озодиҳои сиёсист ва дар замони мо асоситарин ва бузургтарин нишонаи мардумсолорӣ ва демукросӣ дар ҳар гуна ҷомеаест.
Дар радабандии имсоли мизони озодии баён 34 зина поин рафтани мақоми Тоҷикистон боиси нигаронии ҷиддӣ аст. Тоҷикистон бар асоси ин радабандии Созмони Хабарнигорони бидуни марз дар миёни 180 давлати дунё мақоми 150-ро соҳиб шуд. Ин мақоми Тоҷикистон дар ҳолет, ки соли гузашта кишвари мо мақоми 116-ро дошт. Бо таассуф ин мақоми Тоҷикистон нишонаи он аст, ки кишвари мо торафт хусусиятҳои мардумсолории худро дорад аз даст медиҳад ва ба суйи кишварҳои идеологии осонидораву беоянда наздик мешавад.
Мақоми шоистаи Тоҷикистон дар раддабандиҳои мизони озодии баён дар солҳои пешин дар байни кишварҳои пасошӯравӣ, ки тоза аз тангнои тафаккури моноидеологии коммунистӣ берун шуда буданд, на танҳо боиси таҳсин шунидан аз ҷониби созмонҳои ҷаҳонӣ буд, балки роҳбарони Тоҷикистон ҳам аз он ифтихор мекарданд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни 100-солагии матбуоти тоҷик гуфта буд, ки “тибқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ матбуоти кишвари мо имрӯз дар қиёс бо бисёр кишварҳо аз дидгоҳи озодии баён пешрафта мебошад. Ба таъбири дигар, матбуот ба мақсаду мароми халқ ва арзишу манфиатҳои миллӣ наздиктар шуд”.
Аммо мизони имсоли озодии баён дар Тоҷикистон баёнгари он аст, ки ҳамин манбаи ифтихорро Тоҷикистон дорад, аз даст медиҳад ва нақшу имиҷи давлат дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон камранг мешавад.
Томас Ҳобс файласуф ва назарияпардози сиёсии инглис гуфта буд, “озодӣ ин вуҷуд надоштани муқовимат аст”. Дар ҷомеаҳои осонидора ҳамеша муқовимати ҳукуматҳо бо озодиҳои сиёсӣ мушоҳида мешавад. Яке аз сабабҳои асосие, ки ҳам имсол Тоҷикистон мақоми худро дар мизони озодии баён 34 зина аз даст дод ба ҳамин муқовимат бастагӣ дорад. Ин хусусиятро гузоришгарони созмони Хабарнигорони бидуни марз ҳам зикр кардаанд, ки “дар Тоҷикистон маҳдуд кардани озодии баён бо баҳонаи мубориза бо ифротгароию таъмини амният сурат мегирад”.
Дар ҳама гуна давлат ва аз ҷумла Тоҷикистон рушди озодии баён ба ду рукни асосӣ марбут мебошад:
1. Рукни ҳуқуқӣ
2. Рукни сиёсӣ (иқтисод ва иҷтимоӣ)
Бар пояи ҳуқуқ ва қонун дар Тоҷикистон озодии баён кафолат дода шудааст. Аз нигоҳи илмӣ асоситарин унсури озодии баён набуди сонсур аст. Дар мо сонсурро давлат иҷозат намедиҳад. Имсол вазорати фарҳанг талош кард, ки аз роҳи қонунӣ бо ворид кардани тағйирот дар қонунгузории соҳа назорат ва контроли давлатро бар фаъолияти расонаҳо осонтар ва пурзӯртар кунад, вале ба вокуниши тунди ҷомеаи расонаӣ рӯ ба рӯ шуд ва ғайриинтизор Парлумон ҳам ин бор мавқеи ҳукумат (вазорати фарҳанг)-ро нодуруст шумурд.
Озодии баён ҳам ба маънои гуфторӣ ва ҳам навишторӣ як масъалаи сиёсии ҷаҳони муосир аст. Дар Тоҷикистон ҳам мушкили озодии баён мушкили сиёсист ва пойин рафтани мизони озодӣ ҳам ба рукни сиёсии озодии баён марбут мебошад. Аз нигоҳи назарияи ҳуқуқ ва амнияти ҷамъиятӣ агар давлат дар зоти худ кафили озодӣ бошад, аз суйи дигар озодӣ ҳам кафили мавҷудияти давлат ва суботу амнияти он мебошад.
Баҳси ҷомеаҳои осонидора дар ҷомеашиносӣ танҳо марбут ба озодии баён нест, вале он дар кулл ба озодиҳои сиёсӣ марбут мебошад. Талоши ҳукуматҳо ва мақомоти махсуси вобастаи он барои идораи осони ҷомеа ва зери султаву сайтараи мошини идеологӣ қарор додани фаъолият ва озодиҳо дар кутоҳмуддат мудирияти давлатро осон мекунад, вале дар дарозмуддат имконоти тавсеи ҷомеаро кам менамоянд. Ҳамин аст, ки муҳаққиқон ин гуна ҷомеаҳоро “осонидора ва беоянда” номидаанд. Вақте ҳукумат бо фаъолиятҳо ва озодӣ дар муқовимат қарор мегирад имкони ташаббусҳои ояндасозӣ камтар мешавад. Мантиқи озодии сиёсӣ ин аст, ки давлат имкон бидиҳад то ҳар шаҳрванд, шахсиятҳо ва табақаҳои дигари ҷомеа зарфиятҳои худро дар ҷомеа барои пешрафт ошкор кунанд ва фард (индувид) битавонад дар тағйироти мусбати иҷтимоӣ саҳим шавад.
Барои ҳар гуна давлат ва ҳукумат таъмин кардани амнияти миллӣ болотар аз озодӣ эътибор дорад, вале набояд талошҳои таъмини амният ба муқовимати иҷтимоӣ биоварад. Зеро дар ин сурат ҳам масъалаи таъмини амният дучори мушкил мешавад ва ҳам руҳи муқовимат ва мухолифат дар ҷомеа боло мегирад ва бештар мешавад.
Аммо сарнавишти тамоми давлатҳои осонидора нишон додааст, ки таҷрибаи онҳо саранҷом ба таназзули ҳокимият (power degradation) овардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |