Бахшҳо

Ҷавоби муовини раиси ноҳияи Мастчоҳ: Мазмуни мактуби маро дигар карда, имзои қалбакӣ гузоштаанд

Умарзода Зайнура Васлӣ, муовини раиси ноҳияи Мастчоҳ иддао дорад, қазия марбут ба Шаҳнози Ниёзбоқӣ кори дасти афродест, ки ӯро дар ин мансаб дидан намехоҳанд.

Шаҳноз 28 апрел дар як суҳбати телефонӣ ба “Озодагон” гуфт, масъулини ноҳия ба ӯ иҷозаи суханронӣ дар назди раисиҷумҳур -- Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи марти соли равонро надодаанд. Ӯ гуфт, нахуст исмаш дар феҳрасти баромадкунандаҳо буд, аммо баъдан онро ҳазф кардаанд. Ба гуфтаи ин ҷавондухтар дар мактуби расмие, ки бо имзои муовини раиси ноҳияи Мастчоҳ дарёфт кард, гуфта шудааст, ки барои суханронӣ дар назди Президент озмун баргузор шуд ва шартҳои он доштани симои ориёӣ, қомати баланду суханронии бурро буд. Аммо Умарзода Зайнура Васлӣ, муовини раиси ноҳияи Мастчоҳ дар як нома унвонии “Озодагон” иддао кардааст, ки мазмуни номаи ӯ ба Шаҳноз тағйир дода шуда, имзояш ҳам тақаллубист. Ин иддао дар ҳолест, ки Ғайрат Азиззода, раиси ноҳияи Мастчоҳ рӯзи гузашта дар суҳбат ба "TojNews" гуфт, “дар ҷавоби Ҳукумат хато шудааст ва ба ҷои раққосаҳо баромадкунандагон навишта шудааст. Чеҳраи ориёӣ, қаду қомати зебо барои раққосаҳо буд, на барои баромадкунандагон.”

Номаи хонум Умарзодаро айнан нашр мекунем:

“Ман Умарзода Зайнура Васлӣ – муовини Раиси ноҳияи Мастчоҳ мебошам. Зани оддӣ, озод ва ватандусти миллат, маълумотам олист. Мо мардуми Мастчоҳ ифтихорманд ҳастем, ки Пешвои Миллат Президенти мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия сафар намуда, ба мардуми меҳнатқарини он илҳому нерӯ ва қуввату мароми нав бахшиданд. Ободкориҳои зиёдро дар ноҳия агар касе дида натавонад, ӯ курдил аст.

Номаи навиштаи Шаҳноза маро ба ҳайрат овард. Ин духтар шогирди ман буд. Вале ҳайронам, ки бо дасисаҳои иддае, ки мани зани оддӣ ва соҳибмаърифатро дар ин мансаб дидан намехоҳанд, ба ғаразҳои онҳо дода шуда, беасос ҳангома хезонидааст. Аввал ин ки ҳеҷ як баромади сокинон дар нақша набуд. Ҷаноби Олӣ аз ҳайкали Исмоили Сомонӣ пардабардорӣ карданду чорабинӣ бо барномаи фарҳангӣ анҷом ёфт. Ягон нафар ҳам сухан накардааст, магар ки Шаҳноза.

Агар мақсади Шаҳноза сухан гуфтан мебуд, ба мулоқоти озоди Сарвари давлат ҳангоми ифтитоҳи мактаби деҳаи Андарвашт мерафт ва озодона фикрашро баён мекард, чун нафароне, ки озодона онҷо сухан гуфтанд.

Нисбати мактуб гуфтаниям, ки ба дасисаи афроди ғаразманд нисбати вазифаи ман даромада, бланкаи мақомотро аз касе ёфта, мактуби ҷавобии маро ба дигар мазмун гардонида, имзои қалбаки гузошта ба сомонаҳо равона кардааст. Доир ба масъалаи симои ориёӣ доштан, қоматбаланд будан дар озмуни интихоби раққосаҳо эътибор дода шуда буд, на дар ягон озмуни дигаре, ки Шаҳноза ҳамаро ба гумроҳи бурдааст. Озмуни раққосаҳоро озмуни баромадкунандагон арзёби кардан ин аз иштибоҳи бузурги Шаҳноза аст.

Асли мактубро ба почтаи электронии сомона пешниҳод мекунам. Доир ба ин амали барқасдона ба мақомоти дахлдор муроҷиат кардам ва албатта ҳақро ба ҳақ мерасонам.

Мо мардуми Мастчоҳ аз ташрифи Ҷаноби Олӣ сипосгузорем, зеро бо дастгирии Пешвои миллат ноҳияи мо ободу зебо гардид ва имруз симои худро куллан дигар кардааст. Аммо ҳайфи нафароне, ки дар дил ғаразу кина ва адоват доранду шаъну эътибори мардуми Мастчоҳро бо истифода аз ин ҳолатҳои нозук паст мезананд. Боқи қазоват аз ту хонандаи азиз!”
Мӯҳр
Пурдил
Ба Умарзода Зайнура Васлӣ гапа зиёд накарда ИСТЕЪФО дихед! Аслан агар аз руйи конун амал кунем Шумо бояд ба чавобгарии чинояти кашида шавед барои барангехтани кинаю адовати нажоди чун ба ориёиву гайриориё як духтари ин миллатро чудо кардед! Ва холо барои ин дуруги бофтаатон, ки ин бечора ятим духтаро дар сохтакории хучат гунахкор доред ба чавобгари кашида шавед! Ба шумову раиси нохияаатон дигар касе бовар намекунад!

Тоҷик
як гап бгум алй ҷу басш кне ҳарчиқадаре хдтона сафед карданӣ меше ҳамуқа шармндатааааар меше басш кне бе Шаҳноза ҳам ҳама медона шмора ч

Темур
Муҳтарама Умарзода Зайнура Васлӣ, аввалаш ин, ки шахсоне, ки ин сомонаҳоро мехонанд ва фикрашонро баён мекунанд ягонтоаш Шуморо намешиносад ва дар фикри вазифаи Шумо ҳам нестанд.
Ва дуюмаш ин, ки Мо сомонахонҳо дирӯзакак аз коинот фаромадем ва ба ҳама гуфтаҳои Шумо сад дар сад бовар кадем. Офарин, Худо ба роҳи рост ҳидоятатон кунад ва аз ин зиёдтар обу рӯятон нарезад! Ва боз ҳамон Шақнози ориёӣ намуда аз ғербол нагузаронед!

шахрванд
зани оддии сохибмаърифат мактуби аслиашро нишон надодед?

Али
Шахноз хак аст на шумо мансабдор кудрат ки дар дасти шумо хаст харгунае ки хохед ходисаро чилва додан мегиред,мисле ки фамилияхоро бо карори президент ба точики гардонидед,вакте Русич эътироз кард шумо зуд таъвил кардед ки ин ичбори нест,аммо худатон хуб медонед ки ичбори аст,

Мухтарам муовин якумаш ки то шамол нашавад дарахт намечунбад. Бегунохак нестен бо пешвои миллат хамаи чавонхо орзу доранд ки сухбат намоянд чун дар хаёти мо чавонон як бор чунин имконият ба даст меояд ки бо пешвои миллат суол ва посух оиди камбудихои чойдошта арзи дил намоем. Дар хакикат черезбози ва дискриминация аз руи чинс симо сину сол дида мешавад махсусан дар нохия. Офтобро бо доман пушонида намешавад агар ки сад маьлумоти оли низ дошта бошед.

Бечора духтар. Боз халки бечора гунахкор. О кадом суханронии озод. ....

Мачид
газетчикҳо тамоман аз худ рафтанд
номаҳои сохтаро паҳн мекунанд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)