Шикояти табибони Саричашма аз кӯч додани шӯъбаи кадрҳо
Гуруҳе аз табибони беморхонаи №1-и деҳаи Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Шӯроободи собиқ)-ро ба маркази ноҳия кӯчонидани бахши кадрҳо нигарон кардааст.
Чанде аз ин табибон 29 апрел ба “Озодагон” гуфтанд, дар гузашта бахши кадрҳо дар худи беморхона буд ва пешниҳоди аризаву дигар санадҳои лозим мушкиле пеш намеовард. Ба иддаои онҳо, ҳоло барои расонидани як ариза маҷбуранд, наздики 50 километр роҳро тай намуда, онро ба шӯъбаи кадрҳо супоранд. Ҳамсуҳбатҳои мо, ки дархост намуданд, номашон ифшо нашавад, гуфтанд, барои аз деҳаи Саричашма то маркази ноҳия рафтан ҳудуди 40-50 сомонӣ сарф мешавад. “Агар рафту дар ягон масъала ба номи сардухтури беморхонаи марказии ноҳия арзиа навиштан лозим шавад, бояд ҳамин қадар роҳи дурро тай намоем. Мабодо шаб дар маркази ноҳия монем, аз 100 сомонӣ ҳам зиёдтар маблағ сарф мешавад. Бо маоше, ки мегирем чунин харҷҳо зарбаи сахт ба ҷайби табибон мезанад. Ҳайронем, ки чаро табибонро ин қадар саргардон мекунанд?”,-изҳор доштанд онҳо.
Нуриниссо Мирова, сардухтури беморхонаи №1-и Саричашма дар суҳбат ба “Озодагон” тасдиқ кард, ки бахши кадрҳоро ба марказ кӯчонидаанд, вале иддаои табибонро рад намуд. Ӯ гуфт, ҳамеша омода аст, аризаи табибонро ҳар вақте лозим шуд ба марказ бубурад: “То ҳол чунин мушкиле, ки табибон мегӯянд, нашудааст, чунки аризаро на табибон, балки ман ва як нафари масъул мебарем”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |