Масъули раёсати фатво: Тоҷикистон “Дорулислом” аст, зеро Эмомалӣ Раҳмон намоз мехонад, рӯза медорад...

Масъули Раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон аз мавҷудияти руҳониёне хабар дод, ки бо доштани собиқаи бештар аз даҳсолаи имом-хатибӣ дар бораи мазҳаби Ҳанафӣ маълумоти кофӣ надоранд.
Маҳмуд Сангалиев, мутахассиси ин раёсат имрӯз, 29 апрел аснои мавъизаи қабл аз хутбаи намози ҷумъа дар Масҷиди марказӣ бо зикри ин нукта гуфт, зимни имтиҳони имом-хатибон бархеҳо ба фарқи “Дорулислом” аз “Дорулкуфр” нарафтаанд: “Вақте ун мазҳаби худашро намедонад, чӣ гуна метавонад мардумро ҷалб кунад”,-суол гузошт ӯ.
Оқои Сангалиев яке аз далелҳои аслии гаравидани ҷавонон ба равияву ҳаракатҳои мухталифро “фаҳмонида натавонистани асли мазҳаби ҳанафӣ” арзёбӣ кард. Ин масъули раёсати фатвогуфт, “имрӯз ҷавонони ҷиҳодӣ аз асли Ислом бехабар аз пеши худ дар шабакаҳои интернетӣ фатво мебароранд, ки давлатҳои Мовароуннаҳр, аз қабили Тоҷикистон, Қирғизистон ва ғайра, ки бо давлатҳои Аврупо ҳамкорӣ мекунанд, ба гуруҳи давлатҳои “Дорулкуфр” шомиланд”.
Ӯ таъкид кард, бо боварӣ мегӯяд, ки Тоҷикистон давлати “Дорулислом” аст, зеро дар асоси санадҳо “Дорулислом” давлатҳоеро мехонанд, ки раҳбарии онро мусалмон бар уҳда дорад: “Алҳамдулиллоҳ раҳбари мо, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон намоз мехонад, рӯза медорад, чандин маротиба зиёрати Хонаи Худо кардааст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |