Бинои нави Кумитаи андозро дастгоҳи Президент гирифт? (АКС)
Дар бинои нави Кумитаи андози Тоҷикистон, ки тайи 4 соли охир аз ҷониби мақомоти андоз бунёд гардид, ҳукумат ва дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон ҷой хоҳанд гирифт.
Дар овезаҳои пеши ин бинои 12-ошёна, ки тоза насб шудаанд, бино ҳамчун дафтари кории ҳукумати Тоҷикистон ва дастгоҳи раисиҷумҳур муаррифӣ шудааст.
Дар Кумитаи андоз ва дастгоҳи раисиҷумҳур ба суоли “Озодагон”, ки чаро дар биное, ки то ҳол ҳамчун дафтари нави Кумитаи андоз аз ҷониби мақомоти андоз бунёд мешуд, баъди анҷоми сохтмон дастгоҳи раисиҷумҳур ва ҳукумат ҷой гирифтаанд, посух надоданд.
Ин дар ҳолест, ки моҳи гузашта Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, қарори комиссияи давлатӣ дар бораи қабули бинои навбунёди Кумитаи андозро тасдиқ карда, ба Кумитаи андоз супориш дод, ки ин бинои арзишаш 134 миллиону 610 ҳазору 550 сомониро ба тавозуни худ қабул кунад.
Эҳтимол ҷой гирифтани ҳукумат ва дастгоҳи раисиҷумҳур дар бинои нави Кумитаи андоз муваққатӣ бошад, зеро Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи ҷорӣ қарореро имзо намуд, ки бар асоси он маҷмааи биноҳои феълии ҳукумати Тоҷикистон бозсозӣ мешаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |