Ҳушдори обуҳавошиносон ва наҷотдиҳандагон аз ҳавои номусоид
Обуҳавошиносони тоҷик мегӯянд, рӯзҳои аввали моҳи май Тоҷикистонро ҳавои номусоид фаро хоҳад гирифт.
Тибқи иттилои Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон аз 2 то 3 май дар кишвар борони шадид дар назар буда, эҳтимоли фаромадани сел, сангрезӣ ва обхезӣ вуҷуд дорад.
Дар пайи пешгӯии обуҳавошиносон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват намудааст, ки аз сафар ба мавзеъҳои хатарнок худдорӣ кунанд. Аз мардуми Тоҷикистон даъват шудааст, ки зимни корҳои саҳроӣ ва чарондани чорво эҳтиёткор бошанд. Бо дастури Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бахшҳои ин ниҳод дар рӯзҳои аввали моҳи май ба низоми пурзӯри хидмат гузаронда хоҳанд шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |