Оё ҳукумати Мастчоҳ дастгоҳи ориёсанҷ дорад?

Сайф САФАР
Қазияи Шаҳнози Ниёзбоқӣ эҳтимоли муҳандисӣ шудани суханрониҳои мардум ба ҳангоми сафари раисиҷумҳур ба манотиқи кишварро ба эътимод бадал кард. Бар бунёди санади ҳукумати Масчоҳ, ки Шаҳнозаро “радди салоҳият” кардааст, на ин ки муҳандисиву саҳнасозӣ шудан ва мунтахаб будани суханронҳоро ифшо карда, балки бештар аз онро ба намоиш гузошт. Ва он ин буда, ки суханронҳо боястӣ кадом озмунеро пушти сар мекардаанд, ки он ҳам чанд марҳила доштааст!
Аз ин ки бигзарем, меъёрҳо барои гӯяндаҳо, ки аз сӯӣ ҳукумати Мастчоҳ муайян шудаанд, қазияро боз ҳам печидатар ва чизеро барои андешидан боқӣ мемонанд.
1. Чеҳраи ориёӣ. Соли 2006 дар Тоҷикистон “Соли тамаддуни ориёӣ” эълон шуда буд. Яъне, Тоҷикистон кишварест бархурдор аз ин тамаддун ва табиист, ки бахши аъзами мардумаш ориёиянд ва роҳат ҷилави раисиҷумҳур аз ҳар боб сухан бизананд. Акнун, ки чеҳраи ориёӣ меъёри сухан гуфтан шудааст, ибтидо бояд аз он таърифе дошта бошем ё мизоне дошта бошем, ки чеҳраи ориёиро аз ғайри он ё “ноориёӣ” тафкик бикунад. Зоҳиран, ҳукумати Мастчоҳ ин чизро доштааст.
Бо ин ки “чеҳраи ориёӣ”як меъёри ноҷо, балки бештар аз он аз нигоҳи арзишҳои башарӣ як табъиз (дискриминация) мебошад. Ба ин маънӣ, ки аз Шаҳноз, яъне аз як инсон ҳаққи сухан гуфтанаш бар асоси чеҳра гирифта шудааст. Дар ҳоле, ки моддаи 17-и Қонуни асосии Тоҷикистон таъкид мекунад: “Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Мардон ва занон баробарҳуқуқанд”.
Агар “ҳама дар назди қонун баробаранд” пас чаро ба ҳангоми суханронӣ дар назди раисиҷумҳур, ки кафили волоияти ҲАМИН(!) қонун аст, баробар набошад? Агар давлат “бар ҳар кас” “ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад” чаро ин неъмат ба Шаҳноз муяссар нашуд? Ё ин бону “ҳар кас” набудааст?
2. Қади баланд. Имсол ҳангоми мусобиқаи волейбол миёни рӯзноманигорон тими рақибамон як бозигари қадбаланд дошт ва ҳамин бартарӣ он тимро ғолиби мусобиқа кард. Воқеъан қади баланд дар бозиҳое монанди волейболу баскетбол як ҷузъи калидист, вале ҳангоми суханронӣ пешорӯи раисиҷумҳур ба чӣ дарде мехӯрад? Фикр накунам дар миёни таҷаммӯъ қади кутоҳ мушкиле пеш ораду дидани сухангӯ дар он миён номумкин шавад. Оё бо қади кутоҳ душвор аст бо раисиҷумҳур вориди гуфтугӯ шуд, аз норасоӣ сухан гуфт ва сипосгузорӣ кард, ки ҳадафи Шаҳноз ҳам ҳамин чиз будааст?
3. Сухани бурро. Бо таҷрибае, ки аз мизи гирдҳо ва конфаронсҳо дорам, дидори раисиҷумҳур бо мардум яке аз маъдуд маъракаҳоест, ки мардум бо забони модарии худ суҳбат мекунанд, ки хеле хушоянд аст. Фикр намекунам, ки як тоҷик бо забони гуфтугӯии миёна бо раисиҷумҳур суҳбат карда натавонад ва он ҳам як таҳсилдида. Мегӯянд, “сухане, ки аз дил барояд лоҷарам бар дил нишинад”. Хосатан, ҷилави раисиҷумҳур ҳамеша аз миннатдорӣ суҳбат мекунанд, ки на ниёз ба забони бурро, балки ба самимият дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |