Манбаъ: Зани муттаҳам дар қатли кӯдакони ноболиғ мушкили руҳӣ дорад
Як зани ҷавони сокини пойтахт дар куштори ду тифли ноболиғаш муттаҳам мешавад.
Бино ба иттилои манобеи “Озодагон” яке аз ин кӯдакон тақрибан 40-рӯза ва дигарӣ яксола будаанд: “Мегӯянд, ки бо дастбанди гаҳвора ин кӯдаконро куштааст”.
Аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон имрӯз, 29 апрел ба “Озодагон” гуфтанд, ин ҳодиса шаби гузашта ба вуқӯъ пайвастааст: “Ҳоло сабабҳои ба ин кор даст задани зан маълум нест”.
Дар ҳамин ҳол, як масъули дафтари матбуоти Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе гуфт, ин зани 23-сола, сокини ноҳияи Исмоили Сомонӣ буда, ҳоло дар боздошт қарор дорад: “Ин зан аз нигоҳи руҳӣ солим нест. Дар бозпурсиҳо суханҳояш берабту аз мантиқ дуранд”.
Ин манбаъ ба “Озодагон” гуфт, ҳоло тафтишоти қазия идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |