Шаҳноз: Нагузоштанд, ки дар назди Президент баромад кунам

Як ҷавондухтар аз ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд мегӯяд, масъулини ноҳия ба ӯ иҷозаи суханронӣ дар назди раисиҷумҳур -- Эмомалӣ Раҳмонро надодаанд.
Шаҳнози Ниёзбоқӣ мегӯяд, қарор буд 23 марти соли равон дар чорабиниҳои наврӯзии шаҳраки Бӯстони маркази ноҳия, ки бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, дар қатори дигар духтарон ӯ ҳам баромад мекард. Шаҳноз имрӯз, 28 апрел дар як суҳбати телефонӣ ба “Озодагон” гуфт, “чанд моҳ қабл аз сафари Президент омодагӣ гирифтем. Ба чашми худам дидам, ки дар рӯйхати пешниҳодшуда барои суханронӣ кардан, номи ман ҳаст, лекин баъдан онро аз феҳраст берун кардаанд”.
Ӯ гуфт, вақте барои фаҳмидани сабабҳои ин ҳолат ба ҳукумати ноҳия муроҷиат кард, барояш гуфтаанд, дар вилоят чунин тасмим гирифтаанд. “Назди раиси вилоят рафтам, гуфтанд, ки шуморо бори аввал мебинем ва рӯйхат аллакай пешниҳод шудааст”.
Шаҳноз афзуд, баъди ин аз ҳукумати ноҳия дархост кард, то сабаби аз рӯйхат гирифтани номашро хаттӣ шарҳ диҳанд: “Дар ҷавоби хаттӣ посух омад, ки барои баромад кардан дар назди Ҷаноби олӣ бояд симои ориёӣ, қомати баланду суханронии бурро дошта бошед”.
Дар мактуби хаттии ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ, ки як нусхаи он ба дасти “Озодагон” ҳам расид ва зери он муовини раиси ноҳия Умарзода. З.В. имзо гузоштааст, гуфта мешавад, “дар озмуни баромад дар назди Президент зиёда 30 довталаб ширкат варзидаанд, ки аз ин танҳо 3 нафар гузашт”.
Шаҳноз Ниёзбоқӣ мегӯяд, баъди дарёфт кардани ҷавоби хаттӣ хоҳиш кард, ҳадди аққал ҳамчун иштирокчии қаторӣ вориди базмгоҳ шавад, аммо муваффақ нашуд. Ӯ иддао дорад, дар ҳукумати ноҳия гумон кардаанд, дар назди Президент аз кадом мушкили худ ҳарф мезанад, аз ин рӯ номашро аз рӯйхат берун карда, ҳатто иҷоза надодаанд, ки ба майдони баргузории чорабинӣ ворид шавад. Ин сокини ноҳияи Мастчоҳ бар ин аст, ки далели иҷозаи суханронӣ ва вуруд ба базмгоҳ наёфтанаш ин аст, ки соли 1998 ҳангоми исёни Маҳмуд Худойбердиев дар Суғд падари ӯ кушта шуд: "Дар ҳукумати ноҳия фикр кардаанд, ки ман дар назди Эмомалӣ Раҳмон аз марги падарам қисса мекунам. Вақти озмун шунидам, ки як намояндаи ҳукумат гуфтааст, ин духтар рӯзҳои сахтро дидааст, мабодо аз куштори падараш ҳарф назадад? Боз фикр мекардаанд, шояд ман аз Президент хонаи истиқоматӣ талаб мекунам”.
Аммо ин ҷавондухтар мегӯяд, ҳадафаш танҳо изҳори сипос ба Президент буду бас: “Соли 2007 вақте Ҷаноби олӣ ба ноҳияи мо омада буданд, аз он кас хоҳиш намудам, ки барои ман квотаи президентӣ ҷудо намоянд, то дар донишгоҳ таҳсил кунам. Хушбахтона ин хоҳиши маро дастгирӣ намуданд ва соли 2012 донишгоҳро хатм кардам. Мақсади ман аз суханронӣ ин навбат танҳо миннатдорӣ баён кардан буд”.
Нусхаи мактуби ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |