Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз агентии назорат аз болои маводи мухаддир иттилоъ доданд, аз ин миқдор 493 килои онро ҳероин ташкил медиҳад. Ба қавли манбаъ, 2 тоннаву 939 килои дигари мухаддири забтшуда маводи нашъадори мансуб ба каннабис аст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30, 6% афзоиш доштааст. -Зарфи 10 моҳи соли 2011 кормандони агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон 110 ҳодисаи марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро ошкор ва зиёда аз 833 кило маводи мухаддирро мусодира намудаанд, ки бештар аз 110 кило он ҳероин мебошад. Афюни дар ин муддат мусодирашуда зиёда аз 46 кило ва маводи нашъаовари мансуб ба гурӯҳи каннабис наздик ба 677 кило мебошад,-афзуд манбаъ.
Ҳамчунин, тайи 10 моҳи соли равон 140 парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор боз шудааст, тафтиши 96 парванда дар қиболи 132 нафар ба анҷом расида ва ба судҳо ирсол гардидааст. Давоми даҳ моҳ дар қаламрави Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноятҳои қочоқи нашъа 659 нафар боздошт шудаанд, ҳамзамон 36 нафар шаҳрвандони хориҷӣ низ ба ҷурми ширкат дар муомилоти маводи мухаддир дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанд. Аз оғози соли ҷорӣ дар агентӣ бештар аз 535 кило ва аз замони таъсиси он то ба имрӯз наздик ба 14 тонна воситаҳои нашъаовар нобул карда шудааст.
Мӯҳр« Феврал 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | |||||
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 |