Ҳимояти Э.Раҳмон аз ифтитоҳи намояндагии Хадамоти гумрук дар Русия
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи равон бо имзои қарори ҳукумат аз созишнома дар бораи ифтитоҳи намояндагиҳои мақомоти гумруки Тоҷикистону Русия ҷонибдорӣ кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон бо тасвиби созишнома дар бораи ифтитоҳи намояндагиҳои мақомоти гумруки Тоҷикистону Русия ба мақомоти тоҷик дастур додааст, ки ин тасмимро дар амал татбиқ кунанд. Тибқи қарори ҳукумат Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки ҷониби Русияро аз анҷоми расмиёти зарурӣ барои ифтитоҳи намояндагиҳо огоҳ кунад.
Ифтитоҳи намояндагиҳо дар ҳолест, ки тирамоҳи соли гузашта мақомоти гумруки Тоҷикистону Русия созиш карданд, ки барои ҷилавгирӣ аз пулшӯӣ ва маблағгузории терроризм назорати пули нақдро, ки шаҳрвандон бо худ интиқол медиҳанд, пурзӯр кунанд. Ҳукумати Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки ин иқдом алайҳи қонунӣ гардондани пули тариқи ғайриқонунӣ бадастомада ва маблағгузории терроризм равона шудааст. Таъкид шуда буд, ки ин созишнома ба ҳамкории иттилоотӣ миёни мақомоти гумрук ҳангоми интиқоли пули нақд ё воситаҳои пулӣ аз ҷониби шаҳрвандон марбут мебошад.
Аз Тоҷикистон дар Русия наздики 1 миллион муҳоҷири тоҷик кор мекунанд, ки маблағи онҳо таъминкунандаи асосии рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |