Баҳси ҷонибдорон ва мухолифони “Набарди бидуни қоида”: “Беҳтарин варзиш барои тарбияи мардонагӣ” ё “сагҷанг”?

Нашри як навор аз сабқати ММА ё “Набарди бидуни қоида” дар шабакаи иҷтимоӣ, ки ду ҳариф сарӯ рӯи ҳамдигарро бо зарби мушт хуншор мекунанд, баҳси доғеро дар бахши тоҷикии Фейсбук ба вуҷуд овард.
Муҳаммадрозиқ Неъматов, масъули гуруҳи “Tajik sport” бо нашри ин видео суол гузошт, ки “Оё мешавад ММА (бои без правил)-ро варзиш номид? Шарҳнависон ба ду гуруҳ ҷудо шудаанд: онҳое, ки ҷонибдорӣ ин навъи варзишанд ва касоне ки иддао доранд, набояд онро варзиш гуфт. Алъон теъдоди дувумиҳо бештар аст. Субҳон Муҳаммадюсуф, як аъзои гуруҳ ин варзишро ба “Сагҷанг” монанд кардаву Саъдӣ онро “варзиши ҳаром” ном бурдааст. Умед Ҷайҳонӣ менависад, “ин ҷангҳо варзиш нестанд, ҷанг ҳастанд ки онҳоро ҳунарҳои размӣ меноманд”. Неъматулло Акбаров: “Ин як навъ ҷанги гладиаторӣ аст. Ҷойе, ки инсонҳо ҳамчун махлуқи табиъӣ масоф мекунанд”. Аммо Муҳиддин Муминов гуфта, ки онро мешавад варзиш номид, вале бояд тағйири куллӣ дар қоида ва низоми ин навъи рақобат ворид карда шавад. Азизхоҷа Хошоков таъкид кардааст, вақте номаш ҷанги бидуни қоида бошад, бенизому беқонуну қоида мешавад. Эмомалӣ Раҳматов низ дар тақвияти ин суханҳо таъкид карда: “Беҳтарин намуди варзиш барои тарбияи мардонагиву ҷасорат аст”. Шуҳрат Қобилов ба андешаи онҳое, ки гуфтаанд, он варзиш нест, розӣ нашудаву даъво кардааст, “ин 100% варзиш аст, на ҷанг!”. Ӯ дар шарҳи ин мавқеаш навиштааст: “Дар ҳама гуна варзишҳои муҳорибавӣ, чун бокс, муай-тай, дзюдо, самбо ва ғайра низ чунин ва аз ин ҳам бадтар ҷароҳатро дидан мумкин аст! Онҳое, ки ба варзиш буданаш шубҳа доранд, як бор ба муносибати рақибон баъд аз муҳориба нигаред!” Дар посух ба ин иддао Неъматулло Акбаров менависад, куфту калахт дар ҳама намуди варзиш (ҳатто тенис ҳам) ҳаст: “Аммо ин ҷо гап сари риъояи оини ҷавонмардӣ ва баъзе меъёрҳои ахлоқӣ меравад. Дар варзишҳои мушту лагатзанӣ (ударные виды спорта) ба монанди: муай-тай,кикбоксинг, тхэквондо, навъҳои каратэ (гуҷю-ру, шотакан, кёкушинкан, кудо, вушу-санда ва ғ.) зарбаҳо ба ҳариф дар ҳоли қомат (в стойке) исобат мекунанд ва вақто ҳариф сахт лат хурд ё аз по дарафтод, ӯро дигар пой намезананд. Дар куштии миллӣ, ҷудо, самбо, ҷиу-ҷитсуи брозилӣ, греплинг, панкратион ҳариф бидуни мушту лагаткорӣ аз по дарафтонида мешавад. Варзишкор мумкин аст, ҷароҳат бардорад, ягон узваш осеб бинад, аммо аз дидани ин саҳна тамошогар (бо шумули хешу ақрабои варзишкор) дилхун намешавад. Ҳатто дар самбои размӣ, ки низ то ҷое "миксфайт" ба ҳисоб меравад, шлем-сарпӯши ҳифозатӣ истифода мешавад. Ё вақти дарддиҳии ҳариф дар рӯи фарш сонияҳои камро дарбар мегирад (ва айни ҳамин дар кудо-ву сейкен-сюбу ҳаст)”.
Ӯ дар идома менапвисад, вале дар ММА куфтану дарддиҳии ҳариф то "бас" гуфтани ӯ идома мекунад: “Ҳатто баъзан мебинем, ки размкори беинсоф аз сустии довар сӯйистифода карда чанд сония бештар ҳарифашро ба марг наздик мекунад. Бартарии ММА дар он аст, ки размкор ҳунари худро ҳам дар қомат (в стойке) ва ҳам дар фарш (в партере) нишон медиҳад. Яъне гуфтан мехоҳад, ки ӯ ҷанговраи мутлақ (мушту лагаткор+куштигир) аст. Ба қавле ҳам дар муқобили "ударник"-ҳо ва ҳам "партер"-чиҳо баробар ҳарф мезанад. Тренери ММА роҳат метавонад шогирдашро мутмаин созад, ки аз ӯ як "мошинаи унверсалии ҷангӣ" тайёр мекунад. Аммо ин масъала ҳам ҷои баҳс дорад. Зеро "ҳамакораҳо" на ҳамеша муваффақ будаанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |