Шойгу пойгоҳи 201-ро кафили амнияти Тоҷикистон хонд
Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия, имрӯз, 27 апрел дар конфронси 5-уми Маскав оид ба амнияти байналмилалӣ пойгоҳҳои низомии кишвараш дар Тоҷикистону Қирғизистонро кафили амнияти Осиёи Марказӣ хондааст.
Шойгу дар ин конфронси 5-уми Маскав изҳор доштааст, ки Русия дар ҳамкорӣ бо мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон талош дорад, пойгоҳҳои низомияшро таҳким бахшад: “Таҳқкими иқтидори ҷангии пойгоҳҳои Русия дар навбати худ амнияти Душанбе ва Бишкекро устувор мекунад”.
Вазири мудофиаи Русия инчунин изҳор доштааст, ки ҷонибдори ҳамкории бештари низомии кишварҳои узви ИДМ, СПАД ва Созмони ҳамкории Шанхай мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |