Бахшҳо

Эмомалӣ Раҳмон: Ифротӣ будан хоси мардуми тоҷик ва мазҳаби ҳанафӣ нест

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи №28-и шаҳри Норак аз афзоиши таъсири андешаҳои бегонаи ифротӣ ба мафкураи наврасону ҷавонон изҳори нигаронӣ кардааст.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон яке аз сабабҳои зиёд шудани таъсири андешаҳои ифротиро дар камфаъолиятии масъулон, беназоратии баъзе волидон ва камсамар будани чорабиниҳо дар ин самт арзёбӣ кардааст. Президент таъкид кардааст, натиҷаи чунин камтаваҷҷуҳӣ аст, ки дар ҷангҳои мусаллаҳона дар қаламрави давлатҳои дигар 26 сокинони шаҳри Норак иштирок доранд. Ӯ чунин амалро боиси таассуф хонда гуфтааст, ба шаъну шарафи сокинони сарбаланди шаҳри Норак иснод меорад: “Дар шароити имрӯза инчунин, вусъату густариши фаъолияти ҳамаи сохтору мақомоти дахлдор дар самти кор бо ҷавонон, аз ҷумла таъмин кардани онҳо бо ҷойи кор, ҷалби онҳо ба тарзи ҳаёти солим ва истифодаи нерӯи созандаи ҷавонон дар корҳои ободониву бунёдкорӣ аз ҷумлаи масъалаҳои ниҳоят муҳим ба шумор меравад. Яке аз сабабҳои дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла шаҳри Норак бар хилофи арзишҳои фарҳангии миллӣ реша давонидани ақидаҳои ифротиву хурофотӣ ва хусусан солҳои охир ба як тамоюли хатарнок табдил ёфтани раванди зикршуда дар ҳамин аст”.

Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон инчунин таъкид кардааст, ки пайдоиши ифротгароӣ барои инсоният ҳамчун як фоҷиаи мудҳиш ва гузашта аз ин, ҳамчун як вабои аср мушкилоти зиёде ба бор оварда, хусусан, вақтҳои охир ба осоишу оромии ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари ҷиддӣ эҷод карда истодааст.
Раисиҷумҳури кишвар гуфтааст, ифротӣ будан ва зери таъсири ақидаҳои ифротӣ мондан хоси мардуми тоҷик ва мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ нест: “Ҳоло бори дигар ба сохтору мақомоти марбута, роҳбарони вилоят ва шаҳр, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, аҳли зиё ва падару модарон таъкид менамоям, ки фаъолияташонро дар самти таълиму тарбияи наврасону ҷавонон ҳамаҷониба тақвият бахшанд, корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҷавонон вусъат диҳанд ва барои аз байн бурдани амалҳои номатлуб ва пешгирӣ кардани ҳама гуна қонуншиканиҳо дар миёни наврасону ҷавонон дар доираи қонунҳои амалкунанда аз тамоми роҳу воситаҳои мавҷуда истифода намоянд”.
Мӯҳр
Бекор
Чойхои кори ба чавонон таьмин кунед ва маошхои нагз дихед, порагириро дар чумхури бархам занед, хеч нафар ба хеч кучо намеравад.мардуми точик умуман хору зор шудааст.

Мусофир
Динситези хам дар мазхаби Ханафи нест,масчидвайронкуни,риштароши,сатрро аз дин надонистан хам!

Вакили парлумон
Ифротӣ будан хосси ҳукуматҳои худкома два диктаторӣ ва он ҳукуматҳое аст ки 24 сол бо зӯр аз қудрат намефароянд

Нигаронии Пешвои миллат айнихолист. Албатта психологияи мардуми точик ботамкин ва хирадмандона аст ва чунон ки Президенти ЧТ кайд кардаанд, Ифротӣ будан хоси мардуми тоҷик ва мазҳаби ҳанафӣ нест, аммо ман сабаби асосии ба ифрот ру оваридани баъзе аз чавононро дар он мебинам, ки онхо ками дар кам ба китоб ру меоварарнд. Дуруст аст, ки рохнамоии чавонон вазифаи аввалиндарачаи хамаи мо аст, вале чавонони мухтарами мо низ куввахои дарунаи худро истифода бурда, вобаста ба шароит кушиш намоянд. Токати китоб хондан инсонро сабур ва бахуш мегардонад. Ва охиста-охиста инсон, ки ба китобхои илмиро хондан ру овард, шуури сиёсиаш ташаккул меёбад ва сиёхро аз сафед фарк кардан мегирад. Рохи дигарашро намедонам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)