Мақоми аввали шоҳмотбози тоҷик дар Узбакистон
Фаррух Амонатов, шатранҷбози тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот дар шаҳри Тошканд мақоми аввалро касб намуд.
Ин мусобиқа ба хотири гиромидошти Георгий Азамов, аввалин гроссмейстр аз Узбакистон 26 апрел дар шаҳри Тошканд ба охир расид.
Фаррух Амонатов аз 9 бозӣ 7,5 имтиёз ба даст овард. Рауф Мамедов аз Озарбойҷон низ 7,5 хол дувум ва Александр Зубарев аз Украина бо 7 имтиёз севум шуданд.
Маблағи умумии ҷоиза 20 ҳазор доллар буда, ғолиб 4 ҳазор мегирад. Барои ҷойи дуюм 3 ҳазор ва барои ҷойи севум 2 ҳазор доллар тақдим мешавад. Ҳамагӣ дар ин сабқат 12 ҷоиза, назири беҳтарин шоҳмотбоз миёни занҳо, ҷавонмардону духтарони то 20-сола ва собиқадорон таъсис шудааст.
Фаррух Амонатов зодаи шаҳри Душанбе аст. Ӯ 13 апрели соли 1978 ба дунё омада, аз шашсолагӣ ба шоҳмот машғул аст. Ӯ фориғутаҳсили мактаби миёнаи рақами 20-и Душанбе ва Донишгоҳи техникии мухобирот ва иттилооти шаҳри Маскав аст. Соли 2002 дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот меъёри гроссмейстери байналмилалиро ба ҷо овардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |