10 рӯз муҳлати ҳукумат ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ: Пулҳоятонро ифшо кунед
Ҳукумати Тоҷикистон қарор кардааст, ки ташкилотҳои ҷамъиятии кишвар бояд давоми 10 рӯз аз маблағҳои гирифтаашон мақомоти адлияро огоҳ кунанд.
Тибқи қарори ҳукумат, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имзо намуд, Вазорати адлия муваззаф шудааст, феҳрасти ташкилотҳои ҷамъиятиеро тартиб диҳанд, ки аз ҳисоби маблағҳои кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, грантҳо ва дигар маблағҳои хайриявии шахсони ҳуқуқию инфиродӣ фаъолият мекунанд.
Бар асоси тартиботи муайянкардаи ҳукумат ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар сурати гирифтани маблағҳо бояд давоми 10 рӯз мақомоти адлияро огоҳ кунанд. Ташкилотҳои ҷамъиятӣ уҳдадор шудаанд, ки дар маълумотномаашон ба мақомоти адлия, ҳаҷми маблағ, сарчашма, ҳадаф ва макону муҳлати татбиқи лоиҳаро ироа кунанд.
Қарори нави ҳукумат дар ҳолест, ки тобистони соли гузашта ба қонун “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” тағйироте ворид гардиданд, ки тибқи он созмонҳои ҷамъиятӣ уҳдадоранд, сарчашмаи маблағгузорияшонро ифшо кунанд.
Рустам Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон дар пайи қабули қонун ба “Озодагон” гуфт, мақомоти Тоҷикистон ягон ҳадафи маҳдудсозӣ ва фишор болои созмонҳои ҷамъиятиро надошта, танҳо ният доранд дар масъалаи сармоягузорӣ шаффофиятро таъмин кунанд: “Ташкилотҳо фикр кардаанд, ки мо мехоҳем низоми иҷозатдиҳии қабули маблағҳои хориҷиро ҷорӣ кунем. Мо ин ниятро надорем, онҳо фақат огоҳ мекунанд, ки кадом маблағҳоро қабул карда истодаанд ва бо кадом мақсад. Имрӯз агар 2600 ташкилоти ҷамъиятӣ дар ҷумҳурӣ бошад, фақат қариб ҳазор ташкиот ҳисобот додаасту боқимонда не. Ин ҳам қонуншиканӣ аст ва агар мо ин хел гирем ҳуқуқ дорем ин масъаларо пайгирӣ кунем. Ба баъзеяшон огоҳӣ низ додаем”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |