Бахшҳо

Падари Исмонбой соли 7-ум аст, барои муҷозоти омилони марги писараш талош мекунад

Ҷӯрабой Бобоев, падари Исмонбой Бобоев, ки соли 2010 баъди боздошташ аз сӯи кормандони мақомоти пулис ба таври мармуз фавтид, ҳанӯз талош дорад, омилони марги писараш ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Абдураҳмон Шарипов, вакили дифои Ҷӯрабой Бобоев мегӯяд, онҳо дар мавриди беасар будани тафтишоти парвандаи марги Исмонбой ба Додситонии кулл ариза супурдаанд. Исмонбой Бобоев, сокини 30-солаи шаҳри Хуҷанд 19 феврали соли 2010 вақте аз муҳоҷирати меҳнатӣ бармегашт, аз сӯи Фирдавс Шокиров ва Манучеҳр Акбаров, кормандони шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфти вазорати корҳои дохилӣ боздошт шуда, баъди якшабонарӯз ба таври мармуз фавтид. Мақомот сабаби марги Исмонбойро нафасгир шудан аз беморӣ номид, аммо падари ӯ иддао дорад, писараш ҳангоми бозпурсӣ шиканҷа шудааст.

Моҳи марти соли 2010 дар робита ба марги Исмонбой Бобоев шӯъбаи тафтишотии Додситонии вилояти Суғд парвандаи ҷиноятӣ боз кард. Бар асоси ин парванда, Фирдавс Шокиров ва Манучеҳр Акбаров гумонбар дониста мешуданд. Наздикони Бобоев мегӯянд, ҷараёни тафтишот бо далели гӯиё бемор будани гумонбарон шаш маротиба ба таълиқ афтод. Дар пайи шикояти чандинбора ба Додситонии кулл моҳи октябри соли 2012 тафтишоти ин парванда аз сар гирифта шуд. “Аммо бо қарори ин ниҳод аз 30 октябри соли 2012, 25 феврали соли 2013 ва 1 апрели соли 2014 дар асоси бемории гумонбарон баррасии парванди Исмонбой бори дигар ба таълиқ афтод”,-мегӯяд вакили дифоъ.

Ба иттилои ӯ, Шӯъбаи тафтишотии ВКД 29 майи соли 2015 гуфтааст, тафтишоти парвандаи мазкур ба ин ниҳод гузаштааст ва то имрӯз ба саволи вакилони мудофеъ ва намояндагон бо такя ба он ки парванда дар баррасӣ аст, ҷавоб надодаанд.

Абдураҳмон Шарипов мегӯяд, бар асоси тафтишоти Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон далели ба марг расидани Исмонбой Бобоев дар пайи шиканҷа тасдиқ шудааст. Шоира Давлатова, раҳбари ин марказ низ аз тӯлонӣ шудани раванди тафтишот нигаронӣ мекунад.. Ба қавли ӯ, ВКД ва Додситонии кулл муваззафанд, моддаи 18-и Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди ба ҷавобгарӣ кашидани ҷинояткорон ва қабул кардани ҳалнома иҷро намоянд: “Ин уҳдадориҳо баъд аз он ки падари Исмонбой Бобоев моҳи майи соли 2012 аз тариқи вакили мудофеи худ ба додгоҳи конститутсионӣ муроҷиат кард, садо доданд”.

Намояндаи парвандаи Исмонбой гуфтааст, дар натиҷаи ба дарозо кашидани раванди тафтиш саломатии Ҷӯрабой Бобоев сол аз сол бад мешавад. Ба иттилои ӯ, соли 2012 қазияи марги Исмонбой дар гузориши кумита алайи шиканҷаи СММ дарҷ шуда буд. Он замон Додситонии кулли Тоҷикистон дар мавриди ин қазия гуфт, тафтишоти ин парванда дар ҳоли баррасӣ аст.
Мӯҳр
н
"ба таълик афтод". Ин калимаи таъликро аз кучо ефтед? Магар дурусттараш "ба таъхир афтод" нест?

точик
Шокировхоо насиб дар назди Худо чавоб мегуедд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)