Шикояти вакили Занҷонӣ: 28 моҳ аст бо як либос ба сар мебарад
Расул Куҳпоязода, вакили мудофеи Бобак Занҷонӣ, миллиардери боздоштшудаи эронӣ гуфтааст, нафари таҳти ҳимояташ 28 моҳ мешавад дар зиндон бо як либос ба сар мебарад.
Куҳпоязода гуфтааст, Занҷонӣ ҳанӯз либосеро ба тан дорад, ки замони дастгир шуданаш ба тан дошт: “Ҳоло хонаводаи вай қасд доранд барои Занҷонӣ либос бифиристанд, аммо ин имкон барои онҳо фароҳам нест”.
Ба қавли вакили дифоъ, Бобак Занҷонӣ на танҳо дар зиндон шароити вижа ва хубе надорад, балки аз ҳуқуқи зиндониёни маъмулӣ ҳам бархӯрдор нест: “Ба унвони мисол зиндониёни метавонанд аз фурӯшгоҳҳои дохили банд харид кунанд ва ё хонаводаашон барои онҳо либос биёранд, аммо мувакили ман ин имконотро надорад. Барои ҳамин номае ба банди 241 навиштам, то хонавода битавонад либос бибарад, аммо онҳо гуфтанд намешавад”.
Ӯ дар идома таъкид кардааст, баъди тамос бо қозии парванда – Салавотӣ дастур шуда, ки либосҳоро таҳвил диҳад, аммо боз ҳам масъули банд гуфтаанд, бояд нома бинависед: “Ба додгоҳ рафтам ва қозӣ нома навишт ва онҳо маҷбур шуданд либосро таҳвил бигиранд, аммо ҳанӯз либосро таҳвили мувакилам надодаанд ва ҳар бор баҳона меоваранд”.
Ба гуфтаи вакили Бобак Занҷонӣ, ин ҳам дар ҳолест, ки ҳанӯз ҳукми ниҳоии мувакилаш содир нашудааст.
Бобак Занҷонӣ барои аз худ кардани 2.6 миллиард еврои ширкати миллии нафти Эрон гунаҳкор дониста шуда, шӯъбаи 15-уми Додгоҳи инқилоб пас аз 26 ҷаласаи расидагӣ бар ин парванда барои Занҷонӣ ва ду мутаҳҳами дигар ҳукми эъдом ва ҷазои нақдӣ содир кардааст.
Ин тоҷири эронӣ аз сармоягузорони ширкатҳои “Kont group Tajikistan”, “Asian Express Terminal”, “Asian Express Airline” ва “Kont tourism Tajikistan” дар Тоҷикистон дониста мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |