Андӣ Мададиён аз ситораҳои саршиноси олами шоу бизнес дар миёни хонандаҳои эронизабони муқими Амрикост. Фаъолияти касбияшро солҳои 80-уми қарни сипаришуда дар гурӯҳи «Kouros» оғоз кардааст. Андӣ бо ин гурӯҳ чор албоми муштарак дорад. «Хостгорӣ» (1985), «Парвоз» (1988), «Бало» (1990), «Падруд» (1991). Аммо муваффақияти аслии ӯ замоне оғоз шуд, ки мустақилона фаъолият намуд. То соли 2007 ҳудуди 14 албомашро мунташир намуд. Дар ин миён чандин таронаи дигар ҳамроҳ бо «Kouros» иҷро намуд ва даҳҳо суруди дигар бо овозхонҳои мухталиф, ки вориди албомҳо нашудаанд.
Андӣ бо номи духтарони зиёде суруд хондааст, ки «Лайлӣ», «Нилуфар» ва «Омина» аз маъруфтарини онҳоянд. Аммо бо исми Шанӣ, нафаре, ки бо ӯ арусӣ мекунад, то ҳол таронае иҷро накардааст. Шояд аз ин ба баъд дар репертуари Андӣ таронаҳое, ки онҷо калимаи Шанӣ аст, зиёд мешаванд. Андӣ гуфтааст, ки муҳаббати онҳо бо Шанӣ таърихи 17 сола дорад.
Сомонаи Kodoom.com аз Андӣ суол кардааст, ки бештар дар таронаҳояш «Духтари эронӣ»-ро васф мекард, чӣ гуна иттифоқ афтодааст, ки бо амрикоидухтаре издивоҷ мекунад. Андӣ дар посух бо табассум гуфтааст, ки «Давоми 17 сол Шани «эронии ҳақиқӣ» шудааст, маро дӯст медорад, фарҳанг, мусиқӣ, ғизоҳои эрониро меписандад. Аз сӯи дигар муҳаббат марзҳои милливу мазҳабиро намешиносад. Ман 18 сол аст, ки Шаниро мешиносам ва наздики 17 сол ба ӯ муҳаббат дорам».
-Ҳамин тавр мо тӯли солҳои зиёд мисли як ҷуфт зиндагӣ доштем, ду саг ва се аспамонро нигоҳубин мекардем. Барои издивоҷи мо на мушкилоти миллию мазҳабӣ, балки марги бемаҳали бибии Шанӣ, маризиҳои бардавоми ӯ, ҳалокати ду саги мо сабабгор гаштанд. Мо фикр кардем, никоҳ ва тӯйи расмӣ метавонад раванди зиндагии моро нерӯи тоза ва раванди нав мебахшад, барои ҳаводорону пайвандонамон боз як хушии дигар меорад,-гуфтааст Андӣ.
Маврид ба тазаккур аст, ки Шани, амрикоидухтаре аз иёлоти Канзаси ИМА аст. Ӯ солҳои мадид паҳлӯи Андӣ қарор дорад ва шарики эҷодияш маҳсуб мегардад. Дар чандин таронаҳо Шани бо Андӣ ҳамовоз шудааст, ки «Саломи ошиқона», «Фурудгоҳ», «Оле» аз шумули онҳоянд. Ин ду нафарро мусиқӣ бо ҳам пайванд кард. Ба ҷуз аз таронасароӣ ва барномаҳои консертиву савтӣ Андӣ ва Шани дар синамо низ якҷоя нақш офаридаанд.
Иттилои бештар зери ин линк маҳфуз аст: https://www.ozodagon.com/sa/item/2750
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |