Қарори Э.Раҳмон барои таҷдиди маҷмааи биноҳои ҳукумат
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон қарор кардааст, ки маҷмааи биноҳои ҳукумати Тоҷикистон бозсозӣ шаванд.
Бар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳафтаи қабл имзо намудааст, биноҳои таҷдидшавандаи ҳукумат ба феҳрасти иншооти махсусан муҳим ворид гардидаанд.
Ҳукумати Тоҷикистон инчунин рӯйхати масолеҳи сохтмонӣ ва таҷҳизоти воридотиро, ки барои таҷдиди блоки 5-уми маҷмааи биноҳои мазкур заруранд, тасдиқ намудааст.
Ин қарор дар ҳолест, ки бар асоси нақшаи генералӣ дар шафати бинои ҳукумат, тахриби бинои театрҳои Лоҳутию Маяковский ва инчунин чойхонаи “Роҳат” дар назар аст.
Қаблан Нуралӣ Саидзода, муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон дар шарҳи тахриби биноҳои шаҳрдории Душанбе, чойхонаи “Роҳат” ва ду театри бузургтарини Точикистон - Лоҳутиву Маяковский гуфт, тибқи қарори совети вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 31 декабри 1971 таҳти рақами 408 ҳамагӣ чор бино дар Душанбе ба рӯйхати ёдгориҳои меъморӣ шомиланд: “Инҳо - бинои марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, Хонаи Ҳукумат, Бинои китобхонаи ба номи А. Фирдавсӣ, Театри Опера ва балети ба номи С. Айнӣ мебошанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |