Ҷангиёни ДИИШ аз ВМКБ: 1 нафар аз Шуғнон боқӣ аз Ванҷ
Аз Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҳудуди 25 нафар ба сафи созмони террористии “Давлати исломӣ” пайвастаанд.
Ин нукта зимни конфронс дар мавзӯи «Пешгирӣ аз ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро» дар Бадахшон таъкид шуд.
Тибқи иттилоияи расмӣ Дороб Асозода, додситони вилояти Бадахшон сабаби гаравидани ҷавонон ба “ДИИШ”-ро надоштани саводи динӣ арзёбӣ кардааст. Ба гуфтаи додситон Ислом дини сулҳхоҳу оромтабиат аст ва аз рӯзи пайдоиши худ инсонҳоро ба ваҳдату тавҳид даъват намудааст.
Қаблан додситони кулли Тоҷикистон иттилоъ дод, ки аз ВМКБ дар сафи “ДИИШ” 26 нафар меҷанганд. Зимни конфронс дар Бадахшон низ ҳузури беш аз 20 нафар аз ин вилоят дар ҷангҳои хориҷӣ тасдиқ гардидааст. Намояндагони мақомот таъкид кардаанд, ки миёни ҷангиёни “ДИИШ” аз ВМКБ як нафар аз ноҳияи Шуғнон буда, дигарон зодаи ноҳияи Ванҷ мебошанд ва аксарияташон дар муҳоҷирати меҳнатӣ ифротӣ шудаанд.
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон моҳи гузашта эълон карда буд, ки дар сафи “Давлати исломӣ” дар Ироқу Сурия 1 ҳазору 94 тоҷикистонӣ меҷанганд, ки аксарашон пайрави ҷараёни Салафия мебошанд. Ӯ афзуд, аз миёни тоҷикистониёне, ки феълан дар Сурияю Ироқ меҷанганд, 400 нафарашон аз вилояти Хатлон, 272 нафар аз Суғд, 254 нафар аз навоҳии тобеи марказ, 139 нафар аз Душанбе ва 26 нафарашон аз Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мебошанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |