Маҳкумияти Хушқадамов ва “Абу-Зубейр” барои иртибот бо “ДИИШ”
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ шаҳрванд Хушқадамов.Ҳ-ро барои ҷалби як шаҳрванди дигари Тоҷикистон ба “ДИИШ” гунаҳкор дониста, ба 7 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст.
Тибқи қарори додгоҳ Хушқадамов моҳи июни соли 2015 шаҳрванди Тоҷикистон Давлатов Н.А.-ро, ки дар шоҳроҳи Челобетовский шаҳри Маскав кор мекардааст, ба “ДИИШ” даъват намудаст: “Баъдан Хушқадамов ба Давлатов маблағи чипта дода, 29 июни соли 2015 тариқи фурудгоҳи “Внуково” -и шаҳри Маскав ба Туркия гусел намудаст. Давлатов дар шаҳри Газантеп, дар сарҳади Сурия аз ҷониби мақомоти қудратии Туркия дастгир гардида, ба Тоҷикистон истирдод шудааст”.
Инчунин бо қарори додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Исматов Қурбон Аюбович барои қасди пайвастшавӣ ба “ДИИШ” ба 6 соли зиндон маҳкум шудааст.
Манбаъ мегӯяд, Исматов моҳи декабри соли 2015 дар барномаи “Роҳнамо ба сӯи давлати исломӣ”-и радиои интернетии “ЗЕЛЛО” бо “Абу-Шуҳайб” ном шаҳрванди Тоҷикистон шинос шуда, ба худ тахаллуси “Абу-Зубейр”-ро интихоб намудааст: “Абу-Шуҳайб” ӯро барои ҷиҳод, пайвастшавӣ ба ташкилоти “ДИИШ” ва ташкили “Хилофат” даъват намудааст”.
Тибқи итттилоияи додгоҳ Исматов 18 феврали соли 2016 қасди парвоз аз Маскав ба Истанбул доштааст, аммо аз ҷониби мақомоти Русия боздошт гардида, ба Тоҷикистон истирдод шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |