Гурӯҳи аввалини зоирини тоҷик пас аз тавофи Каъба имрӯз, 11-уми ноябр ба Душанбе бармегарданд.
Дар ин бора зимни як ҷаласаи муштараки ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», ҶСК «Тоҷик Эйр», ҶДММ «Сомон Эйр», Кумитаи оид ба корҳои дин, сохторҳои қудратии ВКД, Хадамоти гумрук ва шӯъбаи назорати сарҳадии назди фурудгоҳ иброз гардид. Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз Кумитаи оид ба корҳои дини назди ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд, дар нишасти мазкур сардорони хадамот ва шўъбаҳои фурудгоҳ ва намояндагони сохторҳои қудратӣ вобаста ба ташкили хуби кор дар давраи қабули зойирин пешниҳод ва дархостҳои худро иброз доштанд.Муовини раиси Кумитаи оид ба корҳои дин Мухтор Мавлонов иброз дошт, ки барои қабули ҳоҷиён тамоми чораҳои зарурӣ дида шудааст ва боварӣ ҳаст, ки сохторҳои марбута мекӯшанд то маросими қабули ҳоҷиён бе камбудӣ ба роҳ монда шавад.
Ҳамзамон, муовини сарвари кулли фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Азиз Иброҳимов иброз дошт, ки фурудгоҳ барои қабули хоҷиён пурра омода аст. Қайд гардид, ки бозгашти зойирини тоҷик аз Макка то аввали моҳи оянда идома карда, ҳавопаймои охирини онҳо рӯзи 3-юми декабр ба Душанбе меояд.
Мӯҳр