Бахшҳо
25 апр 2016 16:53Тоҷикистон / Сиёсат

Сайф Сафар: Мо ба як Жириновский ниёз дорем

Сайф Сафар

Владимир Жириновский, бунёдгузори Ҳизби либерал демокати Русия ва яке аз чеҳраҳои сиёсии пуртаззоди ин кишвар имрӯз, 25 апрел 70-сола шуд. Мутмаинан, шуморе аз ҳаммиҳанон бо он нафрате, ки аз дидгоҳҳову назарҳои миллатгароёнаи ин сиёсатмадор доранд, ҳеч хайре дар сарлавҳаи ин матлаб намебинанд. Ин ҳақро ҳамро ҳам доранд. Вале бо чанд далел вуҷуди чунин шахсиятро дар ҷомеаи мо лозим медонам.

Жириновскийе, ки дилаш рӯи забонаш аст. Жириновскии қолабшикан. Волфович нафарест, ки дар авҷи қудрати Иттиҳоди Шӯравӣ ба раҳбари вақти он Брежнев нома навишту ҳарф аз бозсозӣ дар бархе аз сохторҳои давлатӣ зад. Ҷуръат кардан ба ин иқдомро бархе аз муҳофизакорони арсаи сиёсаст “ба назар нагирифтани фактори замону макон” мегӯянд, вале Жириновский ҳарфи дилашро зад. Ҳарчанд Брежнев, табиист, ки суханони ин ҷавони 21-соларо беҳудагӯи пиндошт, аммо айём ба комаи Жириновский чархиду сутунҳои давлати Брежнев ларзон шуданд. Акнун, дасти Брежневу ҳамандешонаш барои рад кардани таъсиси ҳизбу ҳазор ғалати дигар кутаҳ шуд.

Соли 1989 Жириновский бо чанде дигар аз мубтакирон, аввалин ҷаласаи ташкили Ҳизби либерал демократии Иттиҳоди Шӯравиро гузаронданд. Ӯ соли 1990 бар курсии раёсати ин ҳизб такя зад. Ин туркшинос, ҳуқуқшинос, доктори илмҳои фалсафа, сарҳанг, ҳамеша аз сиёсатҳои ҳукумати Путин рӯшод интиқод мекунад. Волфович ҳамеша дар баҳсҳои телевизионӣ аз миллати рус ҳимоят мекунад. Ҳарифонашро бо он иттилоъ, дониш, додаҳои таърихӣ ва фасоҳати забоние, ки дорад мағлуб мекунад. Ҳарчанд бо гароишҳои миллатгароёна, ки нохубанд. Тоҷикон ва дигар муҳоҷирони осиёии муқими Русияро бад мегӯяд. Хостори хориҷ кардани онҳо аст. Ин чизҳо наметавонанд боис бад дидани Жириновский шаванд, чаро ки муҳоҷиронро имрӯз дилхоҳ Сергей Тсареви масту велгард мезанаду мекушаду сирко мехӯронаду зинда ба гӯр мекунад.

Ҳамин ҷо мерасем, ки дар Ватан набуди Жириновский ба гунаи шадид эҳсос мешавад, ки пешниҳоди раводид бо Русия кунаду нафарҳои андак ва лоиқ вориди ин кишвар шаванд ва мавориди сиркову зинда ба гӯр камтар шаванд. Никита Михалков, коргардони маъруфи рус ба муносибати 70-умин солгарди Жириновский гуфтааст: “Агар Жириновский намебуд, бояд ӯро месохтем. Барои он ки ӯ як падидаи пешгӯинашаванда, дорои зеҳни тез, забони бурро ва дониши бунёдист. Ӯ ҳамеша чизҳоеро мегӯяд, ки дигарон тасмими нагуфтанашро мегиранд. Ӯ чизҳоеро, мегӯяд, ки дигарон ҳам мехоҳанд бигӯянд, аммо касе онҳоро гӯш намекунад. Жириновский худашро дучори зарба мекунад. Ӯ одамони худашро намефурӯшад. Вазифаи асоситарин Жириновский ҳамин аст, ки ӯ хоб рафтан намегузорад. Ва ин чизи хуб аст”. Аз ҳамин зовия Жириновскийро кам дорем, ки хобамон бурдааст.

Мавлуд муборак, туеро, ки бо дидгоҳат мувофиқ нестам, аммо нусхаатро инҷо кор дорам!
Мӯҳр
nabi farhor
Барои мо на Жирновский лозим,на дигар сиёсатмадораш.Мо точикон сохибмустакилем,бигзор мо худамон,худамонрл химоя кунем.Мо Президент дорем,консулгарихо,сафоратхонанахо барои хамин хел рузхост.Ман бовар надорам,ки ягон миллати дигар,барои бехбудии зиндагии точикон фикру андеша кунанд.

Мехмон
Сиёсатмадори бузурги рус ! Он шахсе ки мо точикон уро бад мебинем!! Аммо гуфти русхо ,, Правда колить в глаз". Чи бад бинем уро ки хакикатро мегуяд. У мизбоне хаст , мо мехмонони нохондаро пеш мекунад. У ба мо чи гуна буданро нисбат ба Ватан ва сиёсат меомузад.
Мо шиори ,, гур сузаду дег чушад"- ро шиор кардаем. Кушед, сузонед , гуронеду пул дихед. Беор , беномус шудаем хар руз тахкиру танбех мешунавему токат мекунем!!
Ба мо пул лозим, мошин лозим, хонахои бодабдаба лозим!!! Ба ивази чи ?
Магар бобоёни мо империяи бузурги Форсро насохта буданд ? Он вакт тахминан солхои 510 - 339 пеш аз мелод миллати Жириновский вучуд надошт !!! Он вакт славянхо мисли хукони ёбои дар сахро мечариданд. Ва хаёти вахшиёна ба сар мебурданд. Мисли чорпоён чамъ омада афзоиш меёфтанд !!
Хулоса бароред : Рудакии бузург кай шеър навиштаасту Пушкини африкоитабор бо руси кай навиштааст !
Кариб 10 аср кафо !!!
Эй миллати бузург рухафтода нашав, дар мо хам сухандонхо зиёданд. Аммо,, дахони баста сад тилло" гуфта хомуш мегарданд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)