Раҳимзода мизони содиршавии ҷиноятҳо аз ҷониби ноболиғону ҷавононро ташвишовар хондааст

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон имрӯз, 25 апрел дар ҷамъбасти семоҳаи фаъолияти ниҳодаш гуфт, дар кишвар ҳолати ошкоршавии ҷинояткорӣ беҳтар гардидааст.
Ба иттилои генерал-лейтенанти милитсия, ошкоршавии ҷиноятҳо дар семоҳаи соли ҷорӣ 95%-ро ташкил медиҳад: “Таҳлилҳои оморӣ оид ба вазъи ҷинояткорӣ дар семоҳаи аввали соли 2016 нишон медиҳад, ки дар ҷумҳурӣ дараҷаи ошкоршавии ҷинояткорӣ беҳтар гардидааст”.
Ба иттилои дафтари матбуоти ВУД, вазир таъкид намудааст, ки кормандони ниҳодаш бо мақсади пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ, барҳам задани амалу кирдорҳои номатлуб ва саривақт ошкор сохтани ҷиноят бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтару бештар ба роҳ монанд. Раҳимзода гуфтааст, содиршавии ҷиноятҳо аз тарафи ноболиғону ҷавонон ташвишовар боқӣ мондааст.
Номбурда таъкид кардааст, ки ҷиҳати пешгирии содиршавии ҷиноятҳо дар миёни ноболиғону ҷавонон корҳои профилактикӣ-пешгирикунанда ҷоннок карда шавад: “Вазири корҳои дохилӣ аз ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он талаб намуд, ки фаъолиятро дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар амалу кирдорҳои номатлуби ҷомеа пурзӯр намуда, вазифаҳои хизматии худро содиқона ва софдилона иҷро намоянд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |