Сулаймон дар бораи ҳамлаи марди рус: Корманди ОМОН гуфт ба захмаш нарасед, сироят мешавед
Сулаймон Саидов, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки 8 апрели соли равон аз ҷониби Сергей Тсарев, марди 58-солаи рус ҳадафи тир қарор гирифт, ҷузъиёти ин қазияро ба нашрияи “Новая газета” нақл кардааст.
Ба гуфтаи Сулаймон, ҳамон рӯз бо ҷиянаш, ки чанде пеш ба Русия омада буд, савори метрои “Тушинский” шудаанд: “Ҷияни 19-солаам назди ман нишаста буд. Ӯ на танҳо забонӣ русӣ, балки тоҷикиро ҳам хуб намедонад. Дар як истгоҳ марди масте савори метро шуд. Дар аввал бо овози паст чизе мегуфт. Баъдан ба ҷиянам саволҳои гуногун медод. Чаро ба Русия омадааст? Кӣ ба ӯ ин иҷозаро додааст? Ба ҷиянам гуфт, ки ӯ бояд ба ватанаш баргардад. Ман ҳамаи ин суҳбатҳояшро мешунидам, аммо диққат надодам ва ба ҷиянам ҳам гуфтам, зиёд таваҷҷуҳ накунад”.
Ин муҳоҷири тоҷик, ки ҳоло дар беморхона қарор дорад, гуфтааст, бо вуҷуди ин асабӣ нашуд ва аз дасти ҷиянаш гирифт, ки бо ӯ бошад, аммо он мард аз наздашон нарафтааст. Вай аз Сулаймон пурсидааст, ки миллаташ чӣ аст: “Ҷавоб додам, ки тоҷикам. Ӯ мисли саг ба ман нигоҳ мекард. Ман аз ӯ рӯ гардондам. Қадаш он қадар баланд ҳам набуд. Дар танаш куртка буд ва ҳамвора бо дасти чапаш бо чизе дар кисааш бозӣ мекард”.
Ба қавли Саидов, дар истгоҳи Калужский тапончаашро ба даст гирифтааст: “Фикр кардам, ки маро метарсонад. Аммо ногаҳон тарафи ман тир холӣ кард. Хунро дидам, вале чизеро эҳсос накардам. Дастро ба қисмати чапи сарам бурдам. Баъдан, бори дигар бар сарам тир холӣ кард ва дарди сахтро эҳсос кардам. Ба худ гуфтам, ки имкони мурданам ҳаст. Аз ҷоям хестам. Барои ҷиянам нигарон шудам. Ба худ гуфтам, беҳтар аст ман мирам. Ҷиянам соли гузашта мактабро хатм кардаву ҳанӯз дар зиндагӣ чизеро надидааст”.
Сулаймонов гуфтааст, мусофирон дар ҷараёни ин воқеъа аз қаттор берун шуданд: “Ҷияни ман низ аз вагон берун рафт. Ҳамаи ин дар як муддат кутоҳ ба вуқӯъ пайваст, ки ман ба худ наомадам. Он марди рус бори саввум қисмати чашми ростамро ҳадафи тир қарор гирифт. Хеле наздики ман истода буд. Дар назарам ҳама чиз торик шуд, вале 5-6 сонияи дигар тавони дидан доштам. Ҳама ҷо хун буд. Талош кардам тапончаро бигирам, вале ӯ бори чорум аз қисмати шикам ба ман тир холӣ кард. Намедонам чи тавр, аммо тапончаро аз дасташ гирифтам. Дарҳои қаттор бояд баста мешуданд, аммо ягона зани дохили қаттор садо зад ва тугмаи “стоп”-ро зер кард. Баъди тири чорум он марди рус гурех ва тапонча дар дасти монд”.
Сулаймон Саидов гуфтааст, дар ин ҳангом ҷавоне омадаву ӯро аз фарш ба курсӣ шинондааст. Назди ӯ одамони зиёд ҷамъ шуда, ду пулис дастонашро бастаанд: “Ба онҳо гуфтам, ки ман гунаҳкор нестам. Тапончаро партофтам. Онҳо маро раҳо карданд. Яке аз кормандони ОМОН гуфт, ба захмаш даст нарасонед, сироят мешавед. Гуфтам, ёрии таъҷилиро занг занед”.
Ин муҳоҷири тоҷик гуфта, дар беморхона зуд ҷарроҳиаш кардаанд: “Як чашмам намебинад. Баъд аз ду-се ҳафт бояд аз ташхис гузарам. Пас аз он муайян мешавад, ки биноии чашми ростам барқарор мешавад ё на”.
Ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки 4 фарзанд дорад, гуфтааст, аз ин қазия танҳо наздиконаш хабар доранд: “Ҳар рӯз ба Тоҷикистон занг мезанам. Ба ҳамсарам чизе нагуфтаам. Ҳар боре, ки ман инҷо меоям ӯ қариб девона мешавад”.
Ба гуфтаи Сулаймон, 13 сол ба Русия барои кор меояд. “Дар тамоми ин муддат бо ҳамаи одамоне, ки кор кардам ба ман муносибати худ доштанд. Хонаҳои зиёдро таъмир кардам. То ҳануз ҳам занг мезананду кор пешниҳод мекунанд. Моҳе 30-40 ҳазор рубл кор мекунам. Дар Тоҷикистон як мошини “Хюндай Порте” дорам. То замони ба Маскав омадан маҳсулот тавзеъ мекардам. Аммо, аз мошин дар ватани ман андози калон мегиранд чун ки он боркаш ҳисоб мешавад. Ҳар вақте ки мошинам вайрон мешавад ман ба Русия меоям. Барои он ки ман дар идораи андоз гуфтан наметавонам, ки ман кор накардаму пул надорам”,-афзудааст ӯ.
Дилшод Саидов, писари амаки Сулаймон дар суҳбат бо “Новая газета” гуфтааст, ин рӯзҳо бо бародари дигараш дар беморхона қарор доранд: “Мо ин қазияро то охир мебарем. Агар дигарон мехоҳанд чунин рафтор кунанд дар хотирашон бошд, ки Сергейро барои ин кораш боздошт карданд”.
Ба қавли Дилшод, ин бори аввал нест, ки ба оила мо чунин ҳодиса рух медиҳад: “Соли 2010 яке аз наздикони Сулаймон барои гушти мурғ рафту барнагашт. Ӯ Олимов Ҷумъахон ном дошта, соли таваллудаш 1987 буд. Се моҳ ӯро дар ҳамаи мурдахонаҳо ва беморхонаҳо кофтем. Ба пулиси минтақае, ки ӯ зиндагӣ мекард муроҷиат кардем. Аммо пайдо нашуд. Аз оилаи хеле нодор буду, бародараш бемории дауна дошт. Тамоми пулҳояшро ба хона мефиристод. Падараш баъдин ин ҳодиса ҳатто ҷуръати Русия омадан накард”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |