Бахшҳо

Пулис муҳоҷирони тоҷикро бо зӯр “шанбегӣ” бурдааст

Шанбеи сипаришуда кормандони Шӯъбаи умури дохилии шаҳри Юбилейи вилояти Маскав беш аз 20 муҳоҷири кориро бо таҳдид ба “шанбегӣ” бурдаанд.

Торнамои “Новая газета” аз қавли Акмал Урунбоев, як муҳоҷири узбак навиштааст, санадҳои буду боши ҳамаи муҳоҷирон дуруст буд ва онҳоро маҷбур мекарданд, ки назди ШКД-ро тамиз кунанд. “Онҷо узбакҳо, тоҷикҳо ва қирғизҳо буданд. Беш аз 20 нафар. Ҳамаашон дар даст санади қайд ва патент доштанд. Барои ҳамин касе намедонист, ки чаро онҳоро инҷо овардаанд. Чанд тоҷикро дидам, ки саҳни ШКД-ро тамиз мекарданд. Зинапояҳоро ранг мекарданд. Онҳо гуфтанд, маҷбурашон кардаанд, ки танҳо баъди “шанбегӣ” раҳояшон мекунанд”,-гуфтааст Акмал.

Ба гуфтаи ӯ, сержанти пулисе бо номи Сергей назди онҳо омада, ду тоҷикро таҳқиру дашном додааст: “Шумо мисли хукед”,-гуфт ӯ. Ман хоҳиш кардам, ки одамонро таҳқир накун, вай гуфт: “Доноӣ накун, ҳоло навбати ту ҳам мешавад”.

Ин муҳоҷири узбак гуфтааст, зане аз Молдов ҳам буд, ки фаршҳо ва ҳоҷатхонаро тоза мекард: “Ман аз кор кардан даст кашидам. Сергей таҳдид кард, ки агар бихоҳад маро то соати сеи шаб нигоҳ медорад. Аммо моро наздикии соати панҷи шом раҳо карданд”.
Мӯҳр
Чуракул
О хамватанон о дидед ки намешавад гашта биеед.дар ватан кор бисер.просто хама нокора шудаги.Мана мо дар ватан кор карда гаштем ку...шукр зиндаги тенч биеед..бед..

Ман як сабаби паст шудани номусу гурури точиконро дар он мебинам, ки рафта рафта мухочират ва сари хами точик дар назди рус мо точиконро тарсончак ва "дух"-амонро шикастааст. Бе ин хам мардуми лагандбардор аст точик (кани далел биер ки нест!!!!!!) шароити сахти мухочират боз хам точикро сархамтар ва бехукук хохад кард. 70-80% мухочирон чавонон мебошанд, ин хам бошад як миллион зиедро ташкил медихад....Агар накунаду ба Точикистон аз беруни кишвар хучум е тахдиде кунанд, дар ин сурат бо мардуми тарсончаке, ки дар хунаш тарсончаки ва лаганбардори мондааст мо то кучо меравем? Гуруру номуси точики кариб намондааст, хатто мухочирон ба Точикистон баргашта милисаеро дар рох бинанд муи танашон шах карда мехезад аз тарс. Аз инчост, ки рус точикро тарсончак ва бехукук дида уро "хук" меномаду мачбуран бе пул кораш мефармояд. Вагарна, хуки зинда ин рус худаш мебошад ва аклу тамизи хукона дорад.

мехмон
Чуракул,
Дар кучо, бо кадом мохона? Дар кухистон умуман кор нест. Кор бошад ин мардум девона шудаанд, ки мухочир мешаванд !!??

ворух
точиканда орият мундагиш не

nabi farhor
Сабаби асосии мачбуран ба шанбеги бурдани мухочирон,ин пуштибони накардан аз мухочирон аст.Мо аз Руссхо метарсем,ки мабодо хамаи мухочирони моро аз Россия пеш кунанд.Ин худаш чи гап,хар руз як куштор,маъоши мухочиронро сари вакт намедиханд.То ба кай ин хел давом мекарда бошад.Ягона пуштибонамон Худо аст.Дуо мекунам, ки Худованд хамаи точикони моро дар панохат нигох дори ва ба назди зану фарзанд,Падару Модар бо тани сихат, чайби пур аз пул баргардони.Омин.

мехмон
Уилям Уоллос,
Шафтолуи гапро навиштед !!!

ба Чуракул
дар кучои ватан кор хай бошад гап зан мо як гурух мухочирон сарсон дар шаҳри мусофири гаштем агар ватан чои кор медошт хичкас мухочир намегашт ин азобу рузе ки мо мухочиро дорем хато бомжои рус инхел азоб надорад хай чи кор кунем зиндаги гфта мачбурем ба хама азоб тоб биёрем аммо то кай пештаҳо точик дар русия кадр дошт аммо холо тамоман кадр надорад аи хама халк дида мо пастаринем гурури точиконаи моро худихо барбод дод хато фикри баъзехода намебиёд ки милати бечораи ман дар чи хол аст

Dev
мехмон,
Umuman gap sari kor budani nabun ham nest, muhojirat dar hama joj hast,gap sari gururu "hundor" budani tust.Dar hamun Rasiya ham kor kardanu to in daraja past nabudan mumkin.

Мирзо
Бародарони ахли ислом, одам, ки акл дошта бошаду коргар бошад дар ватан хам нонашро ёфта мехурад, ё ба Россия неву ба дигар давлатхо ба афар меравад. Ин хама азобхо аз бесаводиву бетачрибагии мову шумо аст. Савод надорем, забонро намедонем, барои хамин доимо дар азоб хастем. Чони нодон дар азоб гуфтаанд. Бинобар ин харакат кунед то фарзандхоятонро хононед, ки мисли шумо азоб накашанд дар оянда.

мехмон
Dev,
Ба пулиси Россия гурури ту чи даркор!! Конун тарафи онхо, мухочире ки хатто русиро намедонад чи кор кунанд ??
Хамин ,, вакил " дуруст хам мегуяд махкам кунанд марзро бо Россия !! Хама дар Ватан чамъ шавем гандум корем , шоли корем мехнат кунем. Заминхоро аз дасти шахсони тасодуфие ки кор намефармоянд гирем. Барои 10- 15 хазор рубл хору залил шуда гаштем. Ба фикрам Точикистон кудрати хурондани 8 млн одамро дорад !!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)