Бахшҳо

Пурсиши ин ҳафта: Боздошти мансабдори Дастгоҳи Президент шуморо ба чӣ хулоса меорад?

Аввали ин ҳафта хабари боздошти мудири Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон расонаӣ шуд. Бино ба иттилои Вазорати умури дохилӣ, Қадамҷон Сафизода ҳанӯз рӯзи 3 апрел дастгир шуда ва додситонии шаҳри Душанбе бар асоси моддаи 259 (қисми 2)-и Кодекси ҷиноӣ айб (соҳибкории ғайриқонунӣ аз ҷониби гуруҳи муташаккил) нисбати ӯ айб эълон кардааст. Дар робита “Озодагон” аз соҳибназарони тоҷик пурсид: БОЗДОШТИ МАНСАБДОРИ ДАСТГОҲИ ПРЕЗИДЕНТ ШУМОРО БА ЧӢ ХУЛОСА МЕОРАД?

Бобоҷони ШАФЕЪ, ҷомеашинос
Ба назари ман ин як амри тасодуф буд. Дар гузашта ҳам баъзе аз ин қабил мансабдорон боздошт шуда, баъдан ба зудӣ бо ҷарима ё ҷазои хеле сабук озод мегардиданд. Шахсан ман аз боздошти ин қабилҳо чандон ба ваҷд намеоям. Аз ҳар ниҳод метавонанд ин гуна одамон боздошт шаванд. Як амали маъмулӣ аст. Мисли дигарон боздошт шуд, тамом. Ҳеч ангеза ё оқибат ҳам дошта наметавонад. Мақомот шояд пайгирӣ карданд ва боздошт намуданд.

Шокирҷон ҲАКИМОВ, ҳуқуқшинос
Новобаста аз мақоми иҷтимоӣ ва робитаи авлодию хонаводагӣ доштан мансабдорони давлатӣ низ бояд эҳсос кунанд, ки дар назди қонун ва суд ҳамаи шаҳрвандон баробаранд. Агар натиҷаи тафтишоти парванда нишон диҳад, ки дар кирдору рафтори ин корманди Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон таркиби ҷиноят бошад, бигузор тибқи тартиби муқаррарнамудаи кодекси ҷиноятӣ чазо гирад. Вале ҳамзамон бояд таъкид бикунам, ки дар шароити Тоҷикистон мансаби давлатӣ асосан барои манфиатҳои шахсии мансабдорон истифода мешавад ва агар иродаи сиёсӣ бошад парвандаҳои ҷиноятиро нисбати аксарияти мансабдорони сатҳҳои гуногун оғоз кардан мумкин аст.

Абдуманнон ШЕРАЛИЕВ, коршинос
Ягона хулосаи мантиқӣ ин аст, ки ҷояш ба касе лозим шудааст. Ман аслан сенсатсия сохтани расонаҳоро аз ин ҳодиса намефаҳмам. Аслан ягон ҷои таъаҷҷуб ё хушбинӣ надорад. Ин мубориза бо фасоди молӣ ё идорӣ нест. Боздошт шудани як-ду мансабдори сатҳи миёна баёнгари ягон тағйирот нест. Ҳамон вақт мешавад аз тағйирот ҳарф зад, ки чанд вазир бо ҷонишинонаш боздошт шаванду амволашон мусодира шавад. Ҳато боздошти як вазир ҳам наметавонад сенсатсия бошад, чун дар кишварҳои фасодзада ин кор метавонад фармоишӣ ё тағйири нигоҳи раҳбар ба он шахс бошад.

Бек РАҲМОНОВ, таҳлилгар
Аслан ягон хулосаи ҷиддие надорам ё ки ягон кори тааҷҷубоваре рӯй надода аст. Ин гуна корҳо имрӯз на фақат дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои бузургтаре ҳам рӯй медиҳанд. Масалан, дар Федерасияи Русия чандин касонеро боздошт менамоянд, ки аз буҷаи давлати дуздӣ мекунанд. Мебинам, ки дар кишвар дар мавриди фаъолияти соҳибкорони оддӣ он қадар шароити лозима вуҷуд надорад. Кош сохибкороне, ки ба манфиати умум, яъне ба манфиати мардум кор мекарданд, бештар мебуданд. Ман дар ин кор чизе ғайриоддӣ ё чизе ҷиддиеро намебинам.

Абдулло РОЗИҚЗОДА, хабарнигор
Ин дуввумин марвиди боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шудани мансабдорони баландпояи Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур аст. Қаблан, Ҳасан Раҷабов аз шӯъбаи кадрҳои Дастгоҳи раисҷумҳур аз вазифа барканор ва ба ҷавобгарӣ кашида шуда буд. Ин гуна ҳолатҳо албатта ба Дастгоҳи раисҷумҳур обрӯ зам намекунад. Маълум мешавад, ки зуҳуроте чун коррупсия дар болотарин сатҳ, ҳатто Дастгоҳи раисҷумҳур вуҷуд дорад. Аз сӯи дигар ин ҷаҳду маҳорати мақомоти зидди коррупсия ва дигар мақомоти интизомиро нишон медиҳад, ки новобаста ба мавқеъ ва сатҳи мансабдор, онҳоро ба ҷавобгарӣ мекашанд. Аммо дар мавриди охир бисёре аз далелҳо ба ин фикр водор месозанд, ки дар айвонҳои Дастгоҳи раисҷумҳур бозиҳои пасипардагие вуҷуд дорад ва мансабдорони алоҳида бо барканор кардани кадрҳои алоҳида аз якдигар интиқом мегиранд.
Мӯҳр
nabi farhor
Салом.Фикри ман ин аст,ки ба касе боз вазифа даркор шудааст.Мо чандин мансабдоронро тарики мачалахо хондем,ки бо гирифтани пора 500хаз$ бо чаримаи 200хаз сомони вай дар озодист.Агар гуем ба махкама кашем,ба фикрам ягон мансабдор намемонад.Хама пушти панчара мераванд.Ба хама маълум аст,ки бо маъоши 1000с 2000с мошинхои гаронарзиш харида ё хонахои бохашамат сохта мешаванд.Дар Точикистон хар як каср сохта шудааст,ки онро накл карда намешавад.Худоё мансабдорони моро адлу инсоф те.

Ватанхох
Агар макомоти дахлдор молу амволи дилхох мансабдорро тахлил намояд ва аз манбаъхои пайдоиши онхо пурсон шавад ва хамаи ин маълумотро пешкаши омма гардонад, танхо он вакт эътимоди мардум ба онхо каме зиед мешавад ва худи Рустам низ бовари пайдо мекунад, ки амалан ягон мансабдори кишвари мо на сазовори хурмату эхтиром аст, балки сазовори кунчи махбас аст.

Усмон
Ришвагирӣ дигар айб нест, гирифта натавонистан айб аст. Ба ришвахӯр то ҷое эҳтиром низ доранд. Дар Конибодом раиси ҷамоатро бо фурӯши замин доштанд, вале ҳоло озод шуда, барои бардоштани доғи судӣ ришва сарф карда гаштааст.

Ин мансабдор дасташро ба кисаи дигар... (барои манфиати шахсиаш) зада буд. ЭТО-БИЗНЕС, НИЧЕГО ЛИЧНОГО.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)