Муаррифии китоби нави президент дар бораи суръати асп
Дар шаҳри Ашқобод, пойтахти Туркманистон маросими рӯнамоӣ аз китоби тозанашри Қурбонгулӣ Бурдимуҳаммадов, раисиҷумҳури ин кишвар баргузор шудааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти президент, ин китоб “Суръати баланди асп” ном дошта, ба забонҳои туркманӣ, русӣ ва англисӣ нашр шудааст.
Дар ин китоб, ки ба ҷашни аспи туркманӣ бахшида шудааст, муаллиф менависад, “аспи ахалтекинӣ як мӯъҷиза, офаридаи табиати Туркманистон ва заҳмати инсон мебошад”.
Дар маросими рӯнамоии китоби нави Бердимуҳаммадов гуфта шудааст, “он дар заминаи муаррифии мероси фарҳангӣ, ки асппарварӣ ҷузъе аз он мебошад, беназир аст”.
Қаблан раисиҷумҳури Туркманистон дар мавриди асппарварӣ китоби дигаре навишта буд, ки “Аспи Ахалтекин ифтихор ва шарафи мо аст”, ном дошт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |