Дар Русия мехоҳанд, ба муҳоҷирон кор дар боғча ва мусофиркашро манъ кунанд
Вакилони Санкт-Петербург лоиҳаи тарҳи қонунеро пешниҳод кардаанд, ки ба ҳайси парастор ва ронандаи мусофиркаш фаъолият кардани муҳоҷирони меҳнатиро манъ мекунад.
Андрей Анохин, муаллифи ин тарҳ ба “Лайф.ру” гуфтааст, бояд пешниҳоди патент барои кор дар боғчаи кӯдакон, барои роҳрӯбон ва ронандаҳои мусофиркашҳо манъ шавад: “Замони буҳрони молӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ ҷойи кор муҳайё месозанд. Ин иштибоҳ аст”.
Ӯ пешниҳод кардааст, бояд мафҳуми “хадамоти ҷамъиятӣ” роҳандозӣ шуда, муҳоҷирон ҳаққи фаъолият дар бархе бахшҳоро надошта бошанд. Аз тарафи дигар, ба шаҳрвандони Русия шароити имтиёзӣ дода шавад.
Ба гуфтаи Анохин, агар тарҳи қонун аз ҷониби парлумони Санкт-Петербург пазируфта шавад, вакилон ба барои қабули қонуни федеролӣ ба Думаи давлатӣ муроҷиат мекунанд.
Бино ба омори ғайрирасмӣ теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар Русия марзи миллион нафарро убур карда, бахши аъзами онҳо дар сохтмон кор мекунанд. Бо ин ҳол, онҳое ҳам ки ба ҳайси роҳрӯб ё ронандаи мусофиркаш фаъолият мекунанд, кам нестанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |