Тирхӯрии Каримов баъди суоли “муҳтарамҳо, таксӣ фармудед?” (АКС)
Ҷумъахон Каримов, шаҳрванди 27-солаи Тоҷикистон, ки дар вилояти Маскав ба мусофиркашӣ машғул будааст, ҳадафи тир қарор гирифтааст.
Ҳаракати “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия” мегӯяд, ҳамла ба Каримов соати 10:00-и шаби 3 апрел аз сӯи се нафар, бо шумули як корманди пулис сурат гирифтааст.
Бино ба иттилои манбаъ, Ҷумъахон Каримов бо як шаҳрванди Русия издивоҷ кардаву ду фарзанд дорад: "Ӯ иҷозатномаи муваққатӣ барои иқомат дошта, дар ноҳияи Рузскийи вилояти Маскав ба мусофиркашӣ машғул будааст. Шаби сеюми апрел фармоиш мегирад, ки ба маҳаллаи Тучков, кӯчаи Лебеденко, хонаи 28 ҳозир шавад. Баъди расидан ба суроғаи мазкур, ронандаи тоҷик ҷониби одамони истода гуфтааст, ки “муҳтарамҳо, таксиро даъват кардед?”. Дар посух яке аз мизоҷони эҳтимолӣ, ронандаи тоҷикро “чурка...” хитоб карда, бо лаҳни таҳқиромез фармудааст, ки аз мошин берун барояд. Дар ин вақт яке аз ду нафари дигар, ки каме дуртар истода будаанд, бо силоҳи навъи карабини думила ҷониби ӯ тир холӣ намудааст. Ҷумъахон Каримов бо вуҷуди ҷароҳати бардошта, ба ҳамлагарон муқовимат нишон додааст. Баъди аз дасти яке аз ҳамлагарон афтидани силоҳ, онҳо фирор мекунанд".
Сомонаи ҳаракати “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия” менависад, ҷабрдидаро мошини Ёрии таъҷилӣ ба беморхонаи шаҳри Рузаи вилояти Маскав интиқол додаст. Дар ҳоле, ки муҳоҷири тоҷик дар беморхона бистарӣ шудааст, ҳамлагарон ба ШКД-и шаҳри Рузаи вилояти Маскав ариза пешниҳод кардаанд, ки гӯиё ҳадафи ҳамлаи як нафари зоҳиран осиёӣ қарор гирифтанд ва барои ҳимоя аз худ силоҳи оташфишонро кор бурданд. Ин се нафар шаҳрванди Русия буда, яке аз онҳо корманди пулис будааст. Айни ҳол ҳамаашон дар озодӣ мебошанд.
Ҳамсари Каримов -- Ксения Белоглазова барои ба назди Ҷумъахон омадани падару бародараш мошини ӯро фурӯхтааст. Дар ҳоли ҳозир ҳамсар ва наздикони Ҷумъахон Каримов барои ҷарроҳии дуюми ӯ маблағ ҷамъоварӣ доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |