Даъвати Латифи Пидром барои истеъфои ҳукумат ва ҳушдораш аз майдоншинии мардум

Латифи Пидром, раиси Шӯрои олии ҳамбастагии тоҷикони Афғонистон ва намояндаи мардуми Бадахшон дар парлумони он кишвар хостори истеъфои ҳукумати Ваҳдати миллӣ шудааст.
Ӯ дар пайи ҳамлаҳои террористии ахир дар Кобул аз минбари парлумон дар хитоб ба раҳбарони ҳукумати Афғонистон гуфтааст, “беҳтарин хидмате, ки масъулони ин, ба истилоҳ давлат метавонанд барои мардуми Афғонистон бикунанд, ин аст ки ҳар чӣ зудтар истеъфо бидиҳанд”.
Ба гуфтаи Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилаи Афғонистон дар ҳамлаи интиҳории 19 апрели Кобул 30 тан кушта ва ҳудуди 320 нафар захм бардоштанд. Ин инфиҷори маргбор дар наздикии бинои амнияти Афғонистон рух додааст. Тибқи гуфтаи Сиддиқӣ, ин ҳамла тавассути ду тан аз террористон сурат гирифт, ки яке мошинро мунфаҷир сохта ва дигарӣ пас аз даргирӣ бо неруҳои амниятӣ аз байн бурда шудааст.
Латифи Пидром, ки раҳбари Ҳизби кунгураи миллии Афғонистон ҳам ҳаст, аснои суханронияш дар парлумон гуфтааст, бо истифода аз роҳҳое, ки дар қонун дарҷ шудааст, бояд барои поён додани давлати феълӣ тасмим гирифта шавад: “Ё давлати мувақат эҷод шавад ё Шӯрои миллӣ аз салоҳиятҳои худаш барои ин кор истифода кунад”. Дар сурати акс, ин намояндаи парлумон ҳушдор медиҳад, ки “мардум сукут нахоҳанд кард. Майдон ва майдонҳои Таҳрир эҷод хоҳанд шуд дар саросари кишвар”.
Латифи Пидром баъди тавофуқи Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ барои ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ дар пайи интихоботи баҳсбарангези раёсатҷумҳурӣ аз худ ба унвони мухолифи ин ҳукумат дарак дод ва гуфт, тоҷикон дар ин ҳукумат ҳеч ҷойгоҳе надоранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |