Ҷавон духтареро, ки дар интернет ошиқаш шуд, ба додгоҳ кашид

Як сокини вилояти Алмаатои Қазоқистон нисбати як духтар, ки дар шабакаи иҷтимоӣ бо ному насаби дигар бо ӯ дӯстӣ кардааст, ба додгоҳи ноҳияи Или шикоят бурдааст.
Ин ҷавон гуфта, ки бо духтар дар “ВКонтакте” ошно шуд ва баъди дидани аксҳое, ки ирсол кард, ба ӯ дил бохт. Баъдан маълум шуда, ки духтар аксҳои афроди дигарро равон мекардааст. Ҷавон, ки ба духтар ошиқ шуда ва тасмимаш барои бо ӯ оила барпо кардан қавӣ будааст, тамоми хоҳишҳои духтарро иҷро мекунад. Аз ҷумла аз номи ӯ барои зодрӯзи “хола”-аш дар ҳаҷми 20 ҳазор танга гулдаста гирифта, бо 30 ҳазор тангаи нақд ба ӯ мерасонад. Аммо баъдан маълум шуда, ки он “хола” худи духтар будааст.
Шикояти ин ҷавон ба додгоҳ чанд ҳолати дигари қаллобии ин духтари 23-соларо ошкор кардааст. Ин духтар бо ваъдаи бо кор таъмин кардан, кушодани боғчаи кӯдакон ё барои дохил кардан ба донишгоҳе, ки умуман вуҷуд надоштааст, аз ҳамкорон ва ҳамдеҳаҳояш маблағҳои калон мегирифтааст. Ҳаҷми умумии маблағҳои азхудкардаи ин духтар бо роҳи фиреб беш аз якуним миллион танга гуфта шудааст. Дар сурати исботи гуноҳ ӯро аз 3 то 7 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |