Бахшҳо
20 апр 2016 09:41Тоҷикистон / Сиёсат

Нашри китоби нави А.Раҳнамо-“Эмомалӣ Раҳмон-Пешвои миллат”

Нашриёти «Ирфон» китоби нави сиёсатшинос Абдуллоҳ Раҳнамо, зери унвони «Эмомалӣ Раҳмон-Пешвои миллат»-ро аз чоп баровардааст.

Тибқи иттилои хабаргузории давлатии “Ховар” дар сарсухани китоби нави Абдуллоҳ Раҳнамо, номзади илмҳои сиёсӣ, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президент аз ҷумла омадааст: “Мардуми Тоҷикистон шахсияти Эмомалӣ Раҳмонро ба тадриҷ ҳамчун роҳбари тавоною пуртаҷриба ва ҳамчун Пешвои воқеии худ пазируфта, ин мафҳум ва ин мақом дар зеҳни ҷомеа пухта расида буд. Аз ин рӯ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» бештар нақши мақоми ҳуқуқӣ бахшидан ба ин воқеияти таърихиро дошт”.

Манбаъ мегӯяд, дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон-Пешвои миллат» навиштаҳои таҳқиқотии Абдуллоҳи Раҳнамо дар ду фасл: «Ташаккули шахсияти Пешвои миллат: пажӯҳише дар дастовардҳои бунёдии Тоҷикистон зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон» ва «Пешвои миллат ҳамчун ниҳоди давлатдории миллӣ: баъзе ҷанбаҳои сиёсӣ ва назариявии мавзӯъ» гирд оварда шудаанд.
Мӯҳр
Абдуллох Карими
Эй! Абдуллох!! Эй!! Абдуллох! То кучо расиди??? Ахли бохиради чомеа умед доштанд ки шумо вокеан рохнамо мешавад!! Шояд ширинии мансабу дуне бошад, е тарс аз фазои хоким бар чомеа, е омили дигаре!

Мо дар гами чиву ин номухтарамхо дар гами чи ? магар холо вакти хамин кор аст медонам хизмати бузурги окои Рахмон ин хотима додани чанги шахрванди! аммо имруз мавриди чунин китобу истифодаи маблагхои хангуфт барои Реклома чи лозим? магар ин чавони бечора, ки барои шиками гафси мову шумо ба чунин руз расидааст аз руи инсоф аст!????

Муҳоҷири тоҷикро дар Волгоград зинда ба зинда гӯрондаанд
Як муҳоҷири тоҷикро дар рӯзи таҷлили 22-солагияш дар Волгоград соҳиби хона ва ҳамсояҳо зинда ба зинда зери хок кардаанд. То ҳол ному насаби ин шаҳрванди Тоҷикистон ошкор нашудааст.
эх вой ватанам. дилам реш реш мешавад о ба чои китоб завод созед корхона созед ин бечорахо нараванд туъмаи лошахурони рус нашаванд ё ман хато мегуям бародарону хохарони гироми? максади ман на танкид ва на бадбини балки вакте мешунавам як Точике дар ким кадом манотики дунё дар азоб аст! ё фавти солона зиёда аз хазор точик. магар аламовар нест??? ой бародарону хохарон ой китобнавису мансабталабон айб аст! имрузхо точик ба дарачае бекадр аст, ки зинда дар гураш мекунанд!!!!!! ё точик кабри худашро худаш меканаду зинда дохили он мешавад!!!! казоват кунед агар мову шумо номухтарамхо ба чои ин мазлум мебудем чи мешуд??? ох ох Худованд ягон Точикро ба ин руз гирифтор накунад. айб аст. дар ин шароит китоб!!!!

Мо дар гами чиву ин номухтарамхо дар гами чи ? магар холо вакти хамин кор аст медонам хизмати бузурги окои Рахмон ин хотима додани чанги шахрванди! аммо имруз мавриди чунин китобу истифодаи маблагхои хангуфт барои Реклома чи лозим? магар ин чавони бечора, ки барои шиками гафси мову шумо номухтарамхо ба чунин руз расидааст аз руи инсоф аст!????

Муҳоҷири тоҷикро дар Волгоград зинда ба зинда гӯрондаанд
Як муҳоҷири тоҷикро дар рӯзи таҷлили 22-солагияш дар Волгоград соҳиби хона ва ҳамсояҳо зинда ба зинда зери хок кардаанд. То ҳол ному насаби ин шаҳрванди Тоҷикистон ошкор нашудааст.
эх вой ватанам. дилам реш реш мешавад о ба чои китоб завод созед корхона созед ин бечорахо нараванд туъмаи лошахурони рус нашаванд ё ман хато мегуям бародарону хохарони гироми? максади ман на танкид ва на бадбини балки вакте мешунавам як Точике дар ким кадом манотики дунё дар азоб аст! ё фавти солона зиёда аз хазор точик. магар аламовар нест??? ой бародарону хохарон ой китобнавису мансабталабон айб аст! имрузхо точик ба дарачае бекадр аст, ки зинда дар гураш мекунанд!!!!!! ё точик кабри худашро худаш меканаду зинда дохили он мешавад!!!! казоват кунед агар мову шумо номухтарамхо ба чои ин мазлум мебудем чи мешуд??? ох ох Худованд ягон Точикро ба ин руз гирифтор накунад. айб аст. дар ин шароит китоб!!!!

Китобчаро муаллиф ба ман иакдим кард. Хонда шинос шудам. Илтимос вохима накунед. Барои ин китоб яглн пули зиёд сарф нашудааст. Он дар хачми 60 сахифа бо адади 100 дона чоп шудааст. Номи китоб хам ин хел аст: "Эмомали Рахмон- Пешвои миллат: чанбахои назарияви ва амалии мавзуъ". Илтимосам хамин ки хамин китобро як бор хонед. Агар хатто як фикраш беасос бошад, баъд гап занед. Ин ягон китоби васфу ситоишу подхолими набудааст. Ин якто китоби пурра илми ва тахлили дар хамин масъала будааст. Ман ба муалиф офрин мегуям. Илтимос надидаю нахонда гап назанетон.

Шумо аз гами мардум бехабар ба чи корхо машгулед. То он китоб навистану вактатонро сарф кардана фикр карда ягон барномаи иктисоди бароред. Ранге ки баркаст хамин мардаки раиси чумхура дар чашми мардум бад карданиед. Шумо нагз медонед, ки холо мардум дар як вазъияти хасос ас ва чунин рафтору таърифкунии шумо баръакс нафрати мардума зиёд мекунад. Чаро раиси чумхур пеши рохи чунин афроди хушомадгуйро намегирад? О инхо шуморо раиси мухтарам маскара карда истодаанд ва бо ин корашон шуморо дар чашми мардум бад мекунанд. Илтимос хамаи китобхонаи магозахо пур аз китоби пешво шуд бас. Ки мехонад ин китобхои шуморо бо шиками гурусна? Бехтар агар хунар дошта бошед барои бехбуди кушиш кунед агар надошта бошед чимакак чоивазкуни карда шинед. Дар вакте, ки харруз як шахванди моро як фарзандиморо дар армия ва ё Руссия кушта мефиристан мо чи гуна китобхои таърифии шуморо хонда дастгири кунем? Бас хушомадгуихои бемаврид. Озодагон чаро чоп намекунед. Чоп кунед ин мардуми потхалим донанд, ки оиди онхо чи мегуянд. Шармам меояд ба чои онхо.....

мехмон
Б.Комил,
Бародар дар ин китоб дар бораи чи гуна илм сухан меравад ??? Шумо навиштаед , ки дар бораи илм хаст , чи кашфиёт ё кушоиш дарч шудааст ?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)