Бахшҳо

Ҷаримаи донишҷӯи тоҷики муттаҳам дар дастдарозӣ ба роҳбаладаш дар Амрико

Фазлиддин Шарипов, як донишҷӯи тоҷики донишгоҳи иёлоти Монтанаи Амрико, ки дар дастдарозӣ ба роҳбаладаш дар ин муассиса айбдор мешуд, ба пардохти 410 доллар давоми 12 моҳи оянда муваззаф шудааст.

Тибқи иттилои расонаҳои Монтана, Шарипов инчунин муваззаф шудааст, ки 50 доллар ҳаққи таҳқиқи қазияро пардохт кунад ва бояд ба духтари даъвогар аз 152 метр ё 500 фут наздиктар нашавад.

Донишҷӯи тоҷик ба ин қарор, ки 23 март содир гардидааст, розӣ шудааст. Мат Стевенсон, вакили дифои Фазлиддин Шарипов изҳор доштааст, ки розигии зерҳимояаш бо ин қарор маънои гунаҳкор будани ӯро надорад: “Зерҳимояам ҳеч гоҳ худро гунаҳкор эътироф накард ва ҳангоми бозрасӣ аз 5 нуктаи айбдорӣ 4 ададаш лағв гардиданд”.

Инчунин шиносномаи Шарипов ба ӯ баргардонда шуда, дар сафарҳоя ҳеч маҳдудияте ҷорӣ нашудааст.

Қаблан Шарипов бо ирсоли як иттилоия унвонии “Озодагон” гуфт, айбе, ки дар Амрико алайҳаш эълон шудааст, туҳмати маҳз аст: “Ман шукронаи Аллоҳ дар озодӣ ҳастам ва дарс мехонам. Ин айбе, ки нисбатам эълон кардаанд, ҳақиқат надорад ва дар ғарибӣ маро туҳмат кардаанд. Ман ба ин ҷо ба хотири илмгирӣ омадаам, на ба хотири даст задан ба корҳои ҳаром. Хоҳиш мекунам, дар ҳаққи ман дуо кунед. Иншооллоҳ ба Ватани азиз баргашта содиқона хизмат мекунем”.

Расонаҳои амрикоӣ моҳи сентябри соли 2015 аз қавли пулиси шаҳри Мисулаи иёлоти Монтанаи Амрико иттилоъ пахш карданд, ки Фазлиддин Шарипов, як донишҷӯи тоҷики донишгоҳи Монтана дар озори ҷинсӣ муттаҳам мешавад: “Парванда алайҳи Шарипов 10 сентябр, бо даъвои як донишҷӯдухтари донишгоҳи Монтана боз шудааст, ки иддао дорад, Шарипов пеш аз зуҳри 28 август ба ӯ дастдарозӣ кардааст”.

Он вақт мақомоти Монтана эълон карда буданд, ки шиносномаи Шарипови 27- сола ба хотири ҷилавгирӣ аз фирораш аз Амрико мусодира шудааст. Маъмурини интизомии шаҳри Мисулла таъкид карда буданд, ки дар сурати исботи гуноҳи Шарипов ба ӯ то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.
Мӯҳр
Студент
О як "тирш мезадь" ягон ҷот кам мешид?
Ҷавони базеба дидаст дхтари мардак ҳушаш рафтай хайр....

nabi farhor
Аввал Худо шохид аст,Шарипов чи кор кардааст.Агар ростгуй бошад ва дастдарози накарда бошад.Иншиоллох Худованд пирузи медихад.

"Тухмат" албатта "Тухмат" наход ин фарзанди "камбагал" ба чунин кирдор даст занад, охир вай ба донишомузи омадааст ва надонистааст, ки ин давлат инкадар дар озодии баён ва суди одил аз хама "кафо" мондааст. Баргард дар Ватан хонданро давом бидех.

Самандар
Сагера наход дили як духтара ёфта натонй. Бо худша точик мега...

Said
Sheroi nari Tojik nasli millati Tojika da jahon pahn kuned. A bacha chkheli kadi ita ovoza shud? Nameshud ki bo rozigii tarafain mekadi. Zora mekunan megan da uja ku bachoi tojika. Didai albat Buzbalara bo sarw kal diga hushush raftai a?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)