Суди Русия ҳифз ва бознашри видеои Г.Ҳалимовро манъ кард
Додгоҳи ноҳияи Октябри вилояти Владимири Русия як қатор видеоҳо ва гуруҳҳои интернетиро экстремистӣ хонда, мамнуъ эълон кардааст.
Тибқи иттилоияи додситонии вилояти Владимир додгоҳ аз ҷумла видеои муроҷиати Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи “Омон”-и Тоҷикистонро, ки зери унвони «Камандир амон таджикистан» дар интернет пахш гардид, мамнуъ эълон кардааст. Додгоҳ инчунин видеои “Точики мучохиддин”-ро экстремистӣ хондааст.
Дар маҷмуъ бо қарори додгоҳи Владимир гуруҳҳои интернетии «Popeye Mosh Crew», «xWhite Brothersx»,«О Умма! Проснись!» ва инчунин видеоҳои «Камандир амон таджикистан», «Точики мучохидин», «Истинный мусульманин генерал»,«Мощное дуа Мухаммада Люхайдана за муджахидов», «Россия» под музыку Коловрат – Слава России!..», «Сирия Халифат. Победа Близка», ки дар дастрасии озод қарор доранд, экстремистӣ эълон гардиданд. Бар асоси қарори додгоҳ ҳифз, бознашр ва паҳни ин видеоҳо мамнуъ шудааст: “Ташхисҳо нишон доданд, ки маводи мазкур хусусияти экстремистӣ дошта, даъвати оммавӣ ба терроризмро дар бар мегиранд”.
Додситонии Владимир мегӯяд, дар пайи ҳукми қонунӣ гирифтани қарори додгоҳ, нусхаи маводи мамнуъ ба Вазорати адлияи Русия пешниҳод мегарданд, то ба феҳрасти федералии маводи экстремистӣ ворид карда шаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |